Шоми 15 октябри соли равон дар хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ тибқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав аз ҷониби садорати факултети технологияи рақамӣ ва ҳифзи иттилоот Викторинаи саволу ҷавоб баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур, Набизода Эмомалӣ мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Имомализода Баҳодур, декани факултет, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ғолибони викторинаҳо аз ҷониби ҳайати комиссия муайян гардида, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Баргузории чунин викторинаҳо тибқи нақша бо усули факултет бо факултет доир карда мешавад.

