Имрӯз 6 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ, ки дар доираи Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Сайёҳии устувор ва меъроси фарҳангӣ” бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гашта истодааст иштирок намуданд.
Донишҷӯён аз факултети сиёсати ва идораи давлатӣ аз фанҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, асосҳои дипломатия, аз факултети забонҳои хориҷӣ аз фанни забони англисӣ, факултети технологияи рақами ва ҳифзи иттилоъот аз фанни барномасозӣ, факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ аз фанни сайёҳии байналмилалӣ ва факултети молиявию иқтисодӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ иштирок намуда донишгоҳро муаррифи карда истодаанд.

