16 октябри соли 2026 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт маҷлиси Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис, масъалаи раванди татбиқи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №141 тасдиқ гардидааст, баррасӣ шуд. Вобаста ба ин масъала ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ баромад намуд.
Ҳамчунин, масъалаи стратегияи омодасозии мутахассисони рақобатпазир барои бозори дохилӣ ва берунии меҳнат мавриди муҳокима қарор гирифт. Доир ба ин масъала ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин суханронӣ карда, масъалаҳои марбут ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва мутобиқ намудани сатҳу сифати таҳсилот ба талаботи бозори меҳнатро матраҳ намуд.
Дар идомаи маҷлис масъалаҳои ҷорӣ низ баррасӣ гардида, иштирокдорон доир ба масъалаҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия табодули назар намуданд.

