Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол миёни 15 даста баргузор гардид.
Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи варзишии иштирокчиён ташкил карда шуд. Дар он дастаҳо барои нишон додани маҳорати варзишӣ, бозии дастаҷамъона ва ба даст овардани ғолибият бо ҳам рақобат намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Нурализода Наргис,муовини ректор оид ба тарбия ва Маҳмадкарим Шарифзода, раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ иштирок намуда, доир ба аҳаммияти варзиш дар таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва нақши иттифоқҳои касаба дар ташкили чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ибрози андеша карданд.

