Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси факултети таърих ва ҳуқуқ мизи мудаввар бахшида ба ҷашни бостонии Меҳргон таҳти унвони «Меҳргон – рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии доктори илмҳои таърих, профессор Д. Халилзода оғоз гардида, дар мавзуи «Эҳёи ҷашни Меҳргон аз ҷониби Пешвои миллат» маърӯза намуда, нақши сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлатро дар эҳё ва гиромидошти ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, номзади илмҳои таърих, дотсент, сардори раёсати таҳсилот Баҳодурзода Б.Ф. дар мавзуи «Аз таърихи ҷашни Меҳргон» баромад намуда, оид ба решаҳои таърихии ҷашн, суннатҳои мардумӣ ва ҷойгоҳи он дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ниёгон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Дар идомаи мизи мудаввар донишҷӯёни донишгоҳ низ бо маърӯзаҳои худ баромад карданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси таъриху фарҳангшиносӣ М. Баҳодурзода дар мавзуи «Меҳргон – ҷашни ниёгон» ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси таърих (аз рӯйи самтҳо) С. Шарипов дар мавзуи «Инъикоси арзишҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзӣ дар ҷашни Меҳргон» андешаҳои худро баён намуданд.
Дар баромадҳо таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, рамзи фаровонӣ, ҳосилғундорӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои табиат, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба заҳмати кишоварзон маҳсуб меёбад. Ин ҷашни суннатӣ дар таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён шеърҳои тараннумгари Иди Меҳргонро қироат намуда, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам карданд.

