Дар мавзеи таълимию таҷрибавии «Зағертут»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 206-и ихтисоси химия-биологияи факултети биология аз фанни ботаника дарси амалӣ дар мавзуи «Морфология ва сохти анатомии барг» баргузор гардид.
Зимни баргузории машғулият донишҷӯён бо хусусиятҳои морфологии барг, сохти берунӣ ва анатомии он, қисмҳои асосӣ ва вазифаҳои биологии барг шинос шуданд. Ҳамзамон, тавассути мушоҳида ва омӯзиши намунаҳои рустаниҳо донишҳои назариявии худро мустаҳкам намуда, малакаҳои амалии худро дар самти омӯзиши сохтори узвҳои рустанӣ такмил доданд.

