Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов (Федератсияи Россия) 15-умин конференсияи байналмилалии гармфизикӣ (мактаби илмӣ) дар мавзуи «Истифодаи усулҳои гармфизикӣ ва воситаҳои ченкунӣ дар назорат ва идоракунии сифати маҳсулот ва раванди истеҳсолот» доир шуд.
Нахуст, Ашурзода Наимҷон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дар мавзуи «Сатҳи рушди иқтисодии Тоҷикистон вобаста ба рушди энергетика» маъруза намуда, робитаи рушди соҳаи энергетикаро бо пешрафти иқтисоди миллӣ мавриди таҳлил қарор дод.
Сипас, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Корманди шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон Сафаров Маҳмадалӣ дар мавзуи «Саҳми профессор Юрий Фёдорович Гортишов дар рушди МТФШ ва омода намудани кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, нақши олимони варзида ва ҳамкориҳои илмии байналмилалиро дар ташаккули мактабҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос таъкид кард.
Ҳамзамон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Корманди шоистаи илм ва техникаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тотористон Юрий Фёдорович Гортишов дар мавзуи «94 соли мактаби гармфизикӣ оид ба мубодилаи гармӣ ва массаи Донишгоҳи миллии тадқиқотии техникии Қазон ба номи А.Н. Туполев ва робитаҳои он бо муассисаҳои илмии Россия ва ҷаҳон» тариқи маҷозӣ маърузаи илмӣ пешниҳод намуд.
Дар идомаи ҷаласа намояндаи Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳисоби гидравликии роҳи таъминоти ФТЭЦ-2 аз рӯйи муодилаи Бернуллӣ бо назардошти талафоти фишор ва муқовиматҳои маҳаллӣ» маъруза карда, масъалаҳои техникии ҳисобу таҳлили равандҳои гидравликиро баррасӣ намуд.
Инчунин, доктори илмҳои техникӣ, профессор, ректори фахрии Донишгоҳи давлатии Тамбов Сергей Владимирович Мищенко дар мавзуи «Маълумоти мухтасар оид ба таърихи мактабҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалии гармфизикӣ» суханронӣ намуда, марҳилаҳои ташаккул ва рушди ин мактабҳои илмиро шарҳ дод.
Дар фарҷоми бахши маърузаҳои пленарӣ доктори илмҳои техникӣ, профессор Сергей Васильевич Пономарёв дар мавзуи «Лоиҳакашӣ ва таҳияи усулу таҷҳизот барои чен кардани хусусиятҳои гармфизикии моддаҳо» баромад намуда, масъалаҳои марбут ба таҳқиқи хусусиятҳои физикию гармии моддаҳо ва такмили воситаҳои ченкуниро мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин ҳамоиши байналмилалии илмӣ барои густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, табодули таҷрибаи пешқадами илмӣ, тақвияти робитаҳои илмию таълимӣ ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Конференсия рӯзҳои 30–31 октябри соли 2026 идома ёфта, дар доираи он масъалаҳои мубрами илмии соҳаи гармфизика, истифодаи технологияҳои муосири ченкунӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва самаранокии равандҳои истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

