Дар толори хониши Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳфил ва суҳбати адабӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар доираи «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони китобхона Салихова Ситора ва Абдиева Нарзигул, инчунин Косимзода Лутфия, омӯзгор ва доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ, гурӯҳи 106 ихтисоси таърихи ватанӣ иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо баромадкунандгон вобаста ба аҳаммияти Конститутсия, нақши китобу китобхонӣ дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон суханронӣ карданд.
Косимзода Лутфия, омӯзгори донишгоҳ дар баромади худ доир ба аҳамияти Конститутсия, робитаи китобхонӣ бо ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, боло бурдани сатҳи дониш ва худогоҳии ҷавонон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки мутолиаи пайвастаи осори илмию бадеӣ барои дарки амиқи таърихи миллат, шинохти арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст мусоидат менамояд.
Дар идомаи суҳбат иштирокчиён атрофи мазмуну муҳтавои Конститутсия, аҳаммияти риояи меъёрҳои қонунгузорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мубодилаи афкор намуданд.

