Эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон боиси ба миён омадан, коркарди лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Аз ин рӯ, 3 январи соли 1992 бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Баъдан бо Фармони Президенти ҳамонвақта Раҳмон Набиев 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати 9 нафар ташкил дода шуд.
Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи нави Конститутсияро омода намуда, моҳи апрели соли 1992 ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсияро маъқул дониста, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ имконият надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра муҳокима гардад. Бинобар ин, кор аз болои лоиҳаи Конститутсия қатъ гардонида шуд.
Танҳо масъалаи аз нав омода кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар Иҷлосияи Шурои Олӣ 26 июни соли 1993 ба миён омад ва бо қарори Шурои Олӣ ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов интихоб гардид. Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсиионӣ 4 сентябри соли 1993 барпо гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд.
Бо Қарори Раёсати Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор гардид ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 давом кард.
Дар Иҷлосияи 19 Шурои Олӣ 21-22 июли соли 1994 лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима шуда, барои қабул кардани он дар райъпурсӣ қарор кард ва рӯзи қабули он 25 сентябр муайян карда шуд.
Бо Қарори Иҷлосияи Шурои Олӣ аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани райъпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим ва сарнавиштсоз гардид.
Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, адолат ва рушди устувори ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид.
Конститутсия сабаб гардид, ки он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шавад. Конститутсия на танҳо сохти давлатдориро муайяну пойдор сохт, балки он роҳро барои оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамвор намуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон изҳор намуданд, ки амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ, инчунин, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд ба сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум вобастагӣ дорад. Бинобар ин “мо соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудем, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳад”. Ҳадаф аз иқдоми мазкурро Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ, шарҳу тафсири илмиву оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шавад. Президенти кишвар Конститутсияро санади олӣ ва сарчашмаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ номида, иброз доштанд, ки бо қабули он асоси низоми нави қонунгузории кишвар гузошта шуд ва дар заминаи ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ қонунгузории нави давлати Тоҷикистон ташаккул ёфт.
Бояд қайд кард, ки “32 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки Қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид”.
Дар зарфи 32 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин рӯзҳои босаодат ва дастоварду муваффақиятҳо масири бағоят сахту сангинро сипарӣ карданд.
Мо ҷавонон – неруи созанда ва ояндаи дурахшони миллатем аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд мазмуну моҳияти Конститутсияро омӯхта, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донем, қонунро эҳтиром намоем ва дар ободии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем. Донишандӯзӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд роҳнамои зиндагии насли ҷавон бошанд.
Дилрабо Холмуродова, докторанти кафедраи биологияи тиббии донишгоҳ
