Ба муносибати таҷлил аз Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизҳои мудаввар таҳти унвони «Бахтномаи миллат» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардиданд.
Зимни баргузории чорабиниҳо иштирокдорон дар атрофи нақш ва ҷойгоҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори низоми давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти ҷомеа ба шумор меравад.
Таъкид шуд, ки эҳтиром ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он на танҳо вазифаи шаҳрвандӣ, балки нишонаи баланди маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, устодон оид ба аҳаммияти омӯзиши Конститутсия дар раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ андешаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷоми мизҳои мудаввар иштирокдорон таъкид намуданд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Конститутсия омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

