Худи ҳамин рӯз дар ҳошияи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Ӯзбекистон дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Ӯзбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

