Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, инчунин рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

