Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва сиёсӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзи ифтихор, эҳтиром ба қонун ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Конститутсия санади олии ҳуқуқии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, низоми давлатдорӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муайян менамояд. Беҳуда нест, ки онро «Сарқонун» меноманд, зеро тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар маҳз дар асоси он таҳия ва қабул карда мешаванд. Яъне, Конститутсия сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии давлат ва роҳнамои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор меравад. Он дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ қабул гардида, барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди кишвар заминаи устувор гузошт.
Яке аз муҳимтарин арзишҳои Конститутсия ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Маҳз тавассути ин санади олии ҳуқуқӣ ҳуқуқ ба зиндагӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат, озодии сухан, виҷдон ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандон кафолат дода шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор доранд. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо такя ба меъёрҳои конститутсионӣ ҳуқуқҳои худро ҳимоя намояд ва аз имкониятҳои қонунии барои ӯ фароҳамгардида истифода барад.
Дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, Конститутсия уҳдадориҳои шаҳрвандонро низ муайян мекунад. Эҳтиром ба қонун, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи Ватан, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муносибати масъулиятнок ба муҳити зист аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд мебошанд. Зеро ҷомеаи ҳуқуқбунёд танҳо дар сурате рушд мекунад, ки ҳар як шахс на танҳо аз ҳуқуқҳои худ истифода барад, балки масъулияти шаҳрвандии худро низ дарк намояд.
Конститутсия ҳамчунин кафили баробарии шаҳрвандон дар назди қонун буда, барои фаъолияти озодонаи инсон, рушди маорифу илм, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Маҳз дар фазои эҳтиром ба қонун ва волоияти он ҷомеа метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад.
Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифтааст, эҳтиром ва риояи Конститутсия аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Зеро сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амният ва пешрафти давлат аз риояи қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии ҳар як сокини мамлакат вобастагии калон дорад.
Мо бояд дарк намоем, ки Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он таҷассумгари орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон, рамзи соҳибихтиёрии давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва асоси пойдории ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Донистани мазмуну муҳтавои он, эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои конститутсионӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯза риоя намудани талаботи қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Мо бо ифтихор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ 6-уми ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем. Бигзор ин санаи таърихӣ ҳамеша рамзи эҳтиром ба қонун, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон бошад!
Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои мо, пояи давлатдории миллӣ ва роҳнамои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст!
Аз ин рӯ, тамоми мардуми комилҳуқуқи Тоҷикистони азизро ба муносибати ин иди тақдирсоз табрику таҳният гуфта, аз онҳо риоя намудани қонунгузориҳоро тақозо менамоям.
Гулова Маърифат, дотсенти факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоотии ДДБ
