Имрӯз дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Конститутсия – Шаҳодатномаи миллат» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таҳкими эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, тарғиби худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардид.
Дар қисмати асосии чорабинӣ Ҳусейнзода Наврӯз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Маҳмадзода Раҳматшо, ёрдамчии прокурори шаҳри Бохтар, Ашурзода Наимҷон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ ва Мамадғафуров Исмоил, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва муқовимат ба коррупсияи донишгоҳ, доир ба аҳаммияти таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро фароҳам оварда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун, инчунин асосҳои сохтори давлатдориро муайян менамояд.
Суханварон ҳамзамон нақши Конститутсияро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди устувори кишвар муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки омӯзиши амиқи меъёрҳои Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба қонун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад.

