Нимаи дуюми рӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ дуруди самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев расониданд.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам пайваста, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар қарор дорад.
Аз сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар ин раванд, ҷонибҳо ба густариши робитаҳо ва таҳкими муколамаи байнипарламентӣ таваҷҷуҳ дода, аҳаммияти таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, ва ҳамоҳангсозии фаъолияти парламентҳои ҳар ду кишварро таъкид намуданд.
Дар бахши иқтисодӣ масъалаҳои густариши гардиши савдои дуҷониба, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, рушди ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус, дар соҳаи маориф, муҳим шуморида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳои фаъоли ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ шуд.

