Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд-Ҳумо” ба номи Ислом Каримов Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

