Дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар рушди иқтисоди миллӣ» бо иштироки донишҷӯёни хобгоҳи донишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нурализода Н., мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Э., декани факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ Наимзода Б., омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ Наимзода Б. дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар рушди иқтисоди миллӣ» баромад намуда, доир ба аҳаммияти меъёрҳои конститутсионӣ дар фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди иқтисодӣ, ҳифзи моликият, дастгирии соҳибкорӣ ва таъмини фаъолияти муназзами иқтисоди миллӣ суханронӣ кард.
Сипас, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ вобаста ба аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ибрози андеша намуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия, омӯзиши амиқи меъёрҳои он ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аз омилҳои муҳими ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон оид ба мазмуну муҳтавои Конститутсия, аҳаммияти он дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мубодилаи афкор намуда, саволу ҷавоб сурат гирифт.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ дар байни донишҷӯён баргузор гардида, дар фазои озоди илмӣ ва маърифатӣ ҷамъбаст гардид.

