Сухани табрикотии ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи мамлакат буда, ба шарофати таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсӣ ва ҳамовозии мардуми соҳибмаърифати тоҷик қабул гардидааст. Аз ин лиҳоз, метавон иброз дошт, ки ин санади муҳим бахтнома ва шоҳсутуни давлат маҳсуб ёфта, қабулу амали он барои ҳар як шаҳрванд падидаи таърихиву тақдирсоз аст, зеро мањз бо шарофати он дар заминаи сиёсати хиррадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон таҳким ёфт.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз чунин таъкид намудаанд: «Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун бунёдгари соҳибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти он муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид».
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бо қабули Конститутсия бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст. Чунин рўйдод воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол арзёбӣ мегардад.
Ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими рукнҳои муҳими давлатдорӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз дастовардҳои соҳибистиқлоливу озодӣ самараи низоми судманди давлатдорист, ки дар шароити кунунӣ дар заминаи пояи устувор, яъне, Конститутсия бо саодати миллат ва кафолати рушду тараққиёти давлат, аз ҷумла, суботу амният ва ягонагӣ пойдор аст.
Дар заминаи меъёрҳои муқарраргардидаи бобу моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои мухталифи мамлакат тадриҷан рушд карда, барои сокинон шароити зиндагии шоиставу арзанда фароҳам омад. Ин аст, ки бо такя ба ин бахтнома ва пояи устувори давлатдорӣ инкишофи бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, дар заминаи якдиливу якпорчагии Ватани азиз сокинон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд.
Дар асоси татбиқи меъёрҳои Конститутсия имрӯз Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат ба як мамлакати пешрафта табдил ёфтааст. Ноил шудан ба сатҳи баланди зиндагӣ, раҳоии комил аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, комёб гардидан ба истиқлоли энергетикӣ, бунёди муассисањои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, пулу нақбҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар арсаи олам, шинохти асолати миллӣ ва нуфузу эътибори баланди миллати тоҷикро метавон нишонаи олии эҳтиром, татбиқ ва риояи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард.
Имрӯз ҳайати профессорону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти раҳнамои ва дастурҳои хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи кишвар тамоми ваколатҳои бо қонун пешбинишударо татбиқ намуда, дар ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд саҳм мегузоранд.
Мо, омӯзгорон ҳамчун шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол бояд вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандии худро дар доираи меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар иҷро намуда, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия саҳми муассир гузорем. Донишҷӯёнро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ба камол расонида, бо дасту дили тоза, меҳру муҳаббати ватандорӣ ва ифтихор аз ҳар ваҷаб хоки ин сарзамин бањри ободии ватани азизамон ҳиссагузорӣ намоем. Саодату хушбахтии миллат ба дурустии матни Конститутсия ва татбиқи он вобаста аст.
Итминон дорем, ки Шумо –профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва ҳозирини гиромӣ минбаъд низ дар татбиқи муваффақона ва риояи меъёрҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат саҳми арзанда мегузоред.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
