
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин ва муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии ҳар як давлат ба шумор меравад. Он ҳамчун қонуни асосӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, сохтори ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муайян менамояд. Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари орзуву ормонҳои мардум, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдорӣ мебошад.
Барои миллати тоҷик қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузурги таърихӣ ва дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ зарурати қабули санади олии ҳуқуқие ба миён омад, ки асосҳои сохти нави давлатдорӣ, арзишҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявиро муайян намуда, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаро мушаххас созад.
6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи фаромӯшнашаванда сабт гардид. Дар ин рӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ заминаи боэътимод гузошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари моро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намудааст. Ин меъёри муҳим мазмуну моҳияти давлатдории миллиро ифода карда, самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян месозад. Маҳз дар заминаи ин арзишҳо ҷомеаи мо ба сӯи таҳкими истиқлолият, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадамҳои устувор мегузорад.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои Конститутсия дар он аст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд(моддаи 5 Конститутсия). Ҳар як шаҳрванд тибқи меъёрҳои конститутсионӣ ҳуқуқ ба зиндагӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дорад. Ин ҳуқуқҳо барои таъмини зиндагии шоиста, рушди шахсият ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар пешрафти давлат аҳаммияти бузург доранд.
Дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, Конститутсия вазифаҳои шаҳрвандонро низ муайян менамояд. Эҳтиром ва риояи қонунҳо, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, пардохти андозҳо ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон аз ҷумлаи уҳдадориҳои муҳими ҳар як шаҳрванд мебошанд. Зеро ҷомеаи ҳуқуқбунёд танҳо дар сурате рушд мекунад, ки ҳар як узви он на танҳо аз ҳуқуқҳои худ истифода намояд, балки масъулияти шаҳрвандии худро низ дарк намояд. Имрӯз Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ асоси ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Қонунгузории кишвар дар заминаи меъёрҳои он ташаккул ёфта, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд ба талаботи ин санади муқаддас мутобиқат намояд.
Дар таҳкими мақому манзалати Конститутсия ва рушди давлатдории миллӣ нақши сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва пеш аз ҳама, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи самтҳои муҳими пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Конститутсия барои насли ҷавон низ аҳаммияти махсус дорад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат бояд мазмуну муҳтавои ин санади муҳимро хуб омӯзанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд ва дар татбиқи арзишҳои конститутсионӣ саҳми муносиб гузоранд. Маҳз маърифати баланди ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ метавонад ҷомеаи моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун созад.
Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарурати бештар пайдо кардааст. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки риояи қонун танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти умумии тамоми ҷомеа мебошад. Агар ҳар як шаҳрванд қонунро эҳтиром кунад, ҳуқуқи дигаронро поймол насозад ва барои ободии Ватан саҳм гузорад, ҷомеаи солиму пешрафта ташаккул меёбад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр таҷлил мегардад, нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба ин санади сарнавиштсоз мебошад. Ин сана моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлатдории миллӣ назар андозем, дастовардҳои даврони истиқлолиятро қадр намоем ва барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар масъулияти бештар эҳсос кунем.
Беҳрӯз Баҳодурзода, сардори Раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав
