Конститутсия яке аз муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Он қонуни асосии давлат буда, сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин вазифаҳои мақомоти давлатиро муайян мекунад. Конститутсия барои таъмини адолат, сулҳу субот ва рушди ҷомеа нақши муҳим дорад.Ҳамасола, 6 ноябрро мардуми кишварамон ҳамчун рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ҷашн мегиранд. 32 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд, ки дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон сафҳаи тозаеро боз намуд ва он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид. Ин сана дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳим сабт гардидааст.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор ва дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон қадамҳои устувор гузошта шавад. Конститутсия на танҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандонро муайян мекунад, балки иҷрои вазифаҳои онҳоро низ талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванд бояд қонунҳоро риоя кунад, Ватанро дӯст дорад, ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузорад ва барои ободии кишвар саҳм гузорад.
Риояи Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Хусусан, ҷавонон бояд мазмуну моҳияти онро омӯзанд, ҳуқуқҳои худро донанд ва масъулияти шаҳрвандии худро дарк намоянд. Зеро ҷавонони босаводу ватандӯст метавонанд дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд.
Ифтихори ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон аз он аст, ки дар давоми 32 соли амали Конститутсия – ин санади асосии миллӣ арзишҳояш ба куллӣ собит гаштанд. Он дар воқеъ ифодагари манфиатҳои волои Ватану миллат, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминсозандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ эътироф гардид. Боиси зикр аст, ки марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд.Имрӯз ҳар яки мо ифтихор мекунем, ки давлатамон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад ва сӯи пешрафту тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид ва он ба рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик мусоидат менамояд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсия дар он аст, ки ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун баробаранд. Ҳеҷ кас набояд аз рӯйи миллат, забон, ҷинс, эътиқод ё дигар ҳолатҳо мавриди табъиз қарор гирад. Ин принсип барои барқарор намудани адолат ва таҳкими муносибатҳои неки байни одамон аҳамияти калон дорад.
Конститутсия инчунин вазифаҳои шаҳрвандонро муайян мекунад. Ҳар як шахс бояд қонунҳоро риоя намояд, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром кунад, муҳити зистро ҳифз намояд ва барои ободии Ватан саҳм гузорад. Танҳо дар сурати эҳтироми қонун ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ ҷомеа метавонад ба пешрафту тараққиёт ноил гардад.
Ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа бояд Конститутсияро омӯзанд ва мазмуну моҳияти онро хуб дарк намоянд. Донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунанд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддаси давлатдорӣ ва заминаи ҳуқуқии зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Эҳтиром ва риояи он вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Мо бояд бо ҳисси баланди масъулият қонунҳои давлатро риоя карда, барои ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Тоҷикистони азизамон кӯшиш намоем.
Мо бояд Конститутсияро омӯзем, эҳтиром намоем ва талаботи онро риоя кунем. Ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифаи пуршарафи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Натиҷаи дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва мо мардуми кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзаминамон машғул ҳастем ва ифтихор аз он дорем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр ҳастем.
Эҳтироми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон яке аз беҳтарин конститутсияҳо ҳисобида шудааст, ин эҳтироми давлату миллат буда, тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он мо шаҳрвандон қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро хоҳем кард.
Баротализода Исматулло, омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
