Дар толори Кохи фарҳангиии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Конститутсия чорабинӣ доир гардид, ки дар ҷамъомад муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, олимон, кормандони соҳаҳои мухталифи вилоят ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок доштанд.
Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳозирин ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрику таҳният гуфт.
Зимни ироаи паёми табрикӣ таъкид гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории мустақил ва муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа заминаи устувор гузошт.
Зикр карда шуд, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ мақому манзалати хос дошта, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, шакли идоракунии давлат ва асосҳои сохтори конститутсионии мамлакатро муайян менамояд. Ҳамзамон, он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, барои фаъолияти озодонаи шаҳрвандон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия низоми давлатдорӣ такмил ёфта, барои пешрафти соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаҳои мусоид муҳайё гардиданд. Пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди давлату ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Ҳамчунин, бо назардошти нақши ҷавонон дар ояндаи давлатдорӣ, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар таъкид карда шуд. Зеро шинохти моҳият ва арзишҳои Конститутсия, пеш аз ҳама, аз масъулияти ҳар як шаҳрванди мамлакат дар назди давлат ва ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Дар идомаи чорабинӣ аҳли фарҳанги вилояти Хатлон бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва ҳунарҳои волои худ ба маҳфил шукуҳи тоза бахшид.

