Имрӯз дар кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои рисолаи доктории Қурбонов Файзалӣ дар мавзуи «Шароитҳои педагогии рушди фарҳанги саломатии омӯзгор дар муҳити муосири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор гардид.
Зимни баргузории пешдифо докторант Қурбонов Файзалӣ мазмуну муҳтавои рисолаи илмӣ, ҳадафу вазифаҳои таҳқиқот, навгониҳои илмӣ, аҳаммияти назариявию амалии натиҷаҳои бадастомада ва хулосаву пешниҳодҳои худро муаррифӣ намуд.
Таъкид гардид, ки мавзуи мазкур дар шароити муосири рушди низоми маориф аҳаммияти муҳим дошта, ба омӯзишу таҳқиқи омилҳои педагогии ташаккул ва рушди фарҳанги саломатии омӯзгор, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати солимгардонии омӯзгорон равона шудааст.
Дар идомаи ҷаласа иштирокдорон атрофи ҷанбаҳои гуногуни таҳқиқот мубодилаи афкор намуда, ба муҳаққиқ саволу пешниҳодҳои илмӣ ироа карданд. Ҳамзамон, доир ба мазмуну муҳтавои рисола, аҳаммияти натиҷаҳои таҳқиқот ва роҳҳои татбиқи амалии онҳо андешаҳо баён гардиданд.

