Имрӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Иҷлосияи XVI- и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ» мудаввар баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мудирони кафедраҳо, устодону омӯзгорон ва дигар намояндагони факултет иштирок намуда, доир ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI- и Шурои Олӣ, нақши он дар эҳёи давлатдории миллӣ ва саҳми роҳбарияти олии кишвар дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ибрози андеша карданд.
Нахуст, профессор Д. Халилзода, мудири кафедраи таърихи умумӣ, дар мавзуи «Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ» маърӯза намуда, аҳаммияти ин рӯйдоди сарнавиштсозро дар таърихи навини кишвар шарҳ дод.
Ҳамчунин, д.и.т., дотсент Ф. Сайфиддинзода дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон», мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, н.и.т. Ғ. Мирзоев дар мавзуи «Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI- и Шурои Олӣ» ва мудири кафедраи фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ, дотсент М. Баротов дар мавзуи «Асноди музокироти сулҳи тоҷикон» маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар идомаи мизи мудаввар мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент Садриддини А. дар мавзуи «Нақши Президент дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон», дотсент М. Ҷалилов дар мавзуи «Президент ва ташаккули сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», н.и.т. Б. Муҳаммадзода дар мавзуи «Иҷлосияи тақдирсоз ва ташаккули низоми нави идоракунии давлат» ва н.и.т. Ҷ. Абдуллоев дар мавзуи «Рӯзи Президент ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ» маърӯзаҳои худро ироа карданд.
Зимни баромадҳо иштирокчиён масъалаҳои марбут ба нақши Иҷлосияи XV- иI Шурои Олӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ташаккули низоми нави давлатдорӣ, раванди музокироти сулҳи тоҷикон, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар бахши баромадҳои озод иштирокчиён андешаҳои худро оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ баён намуда, аҳаммияти омӯзиши ҳамаҷонибаи рӯйдодҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистонро барои насли ҷавон таъкид карданд.

