Дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Мактаби сарварии Пешвои миллат» баргузор гардид.
Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Хуҷазода Умед бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ниҳоди президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон ибрози андеша намуд.
Дар идомаи мизи мудаввар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҷабзода Ҳ. дар мавзуи «Нақши Президент дар таҳкими давлатдории миллӣ» маърӯза намуда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини сулҳу субот мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин, саромӯзгор Халилов Т. дар мавзуи «Роль лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона в новейшей истории таджиков» (Нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон) бо забони русӣ баромад намуда, саҳми Пешвои миллатро дар бунёди давлатдории муосири тоҷикон шарҳу тавзеҳ дод. Омӯзгор Алимова Манзура бошад, дар мавзуи «Will, Wisdom and Responsibility: The Political and Human Portrait of Emomali Rahmon» (Ирода, хирад ва масъулият – симои сиёсиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон) ба забони англисӣ маърӯза ироа карда, паҳлуҳои сиёсӣ ва инсонии фаъолияти Пешвои миллатро инъикос намуд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодшуда бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён андешаҳои худро доир ба мавзуъҳои матраҳгардида баён намуданд.
Мизи мудаввар дар фазои озоди илмӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи сарвариву давлатдории Пешвои миллат мусоидат намуд.

