10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат дар оғози суҳбат Таалатбек Масадиковро барои ба кор дар вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шурӯъ карданаш табрик гуфтанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар бораи вазъият дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии муосир баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи хос ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмон барои таъмини вокуниши саривақтӣ ва самаранок ба таҳдиду хатарҳои амниятӣ зоҳир гардид.
Дар ин замина, Пешвои миллат аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи қарорҳои дар ин самт аз ҷониби Шӯрои Амнияти Дастҷамъии СААД қабулшударо таъкид намуданд.
