Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд. Бо ин мақсад дар толори шурои диссертатсионӣ бо иштироки Гулзода Аҳлиддин, мудири шуъбаи илмҳои табиӣ – математикӣ ва техникии Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва ҳайати шурои навтаъси ҷаласаи корӣ доир шуд.
Гуфта шуд, ки таъсиси шурои дар заминаи талаботи Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи шуроҳои диссертатсионӣ амалӣ гардида, ба рушди низоми миллии аттестатсияи илмӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Мутобиқи фармоиши дахлдор, шурои диссертатсионӣ барои баррасии корҳои илмӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D060400 – Физика (6D060419 – Биофизика) ва 6D071900 – Радиотехника, электроника ва телекоммуникатсия (6D071919 – Физикаи гармо ва назарияи техникаи гармо), инчунин барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои физикаю математика ва техникӣ таъсис дода шудааст.
Ба шурои мазкур ваколати баррасии диссертатсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои биофизика ва физикаи гармо, инчунин назарияи техникаи гармо дода шуда, он метавонад минбаъд дар омодасозии муҳаққиқони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи илмии донишгоҳ нақши муассир гузорад.
Ҳайати шурои диссертатсионӣ аз олимони варзида ва соҳибтаҷриба иборат буда, роҳбарии онро доктори илмҳои техникӣ Собиров Ҷурабой ба уҳда дорад. Муовини раиси шуро доктори илмҳои физикаю математика Хоҷазода Тоҳир таъин гардида, вазифаи котибии шуро ба зиммаи номзади илмҳои техникӣ Сафаров Шоҳин вогузор шудааст.
Қобили зикр аст, ки таъсиси чунин шуро дар назди донишгоҳ имконият фароҳам меорад, то муҳаққиқону унвонҷӯён рисолаҳои илмии худро дар дохили кишвар ҳимоя намуда, дар рушди илму маорифи миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ин иқдоми муҳим гувоҳи таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату ҳукумат ба рушди соҳаи илм ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос буда, барои баланд бардоштани нуфузи илмии донишгоҳ ва густариши таҳқиқоти муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.

