Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-079- и назди Институти фалсафа ва
сиёсатшиноси ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шкраллоҳи Ҳабибуллои Зардизода, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусиятҳои ташаккул ва фаъолияти онҳо дар раванди дигаргунсозиҳои ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон», зери роҳбарии Шарифзода Лоҳути Шариф, доктори илмҳои сиёсӣ дотсент, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуд.
Дисертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми сиёсӣ аз руйи ихтисоси 5.6.2 – Ниҳодҳо, равандҳо, ва технологияҳои сиёсӣ пешбинӣ мешавад.
