Имрӯз дар донишгоҳ вохӯрии судманд миёни роҳбарияти донишгоҳ ва намояндагони ҶСК “Ориёнбонк” баргузор гардид.
Дар мулоқот Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ бо намояндагони бонк Баротзода Фирӯз, Амирзода Хуршед, муовини филиали бонк дар шаҳри Бохтар оид ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои молиявию бонкӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл барои хатмкунандагонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иброз дошт, ки таҳкими робита миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши бонкӣ барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аҳамияти муҳим дорад. Намояндагони ҶСК “Ориёнбонк” низ омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд ва татбиқи барномаҳои муштарак баён намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам густариш ёфта, барои рушди низоми маориф ва бахши молиявии кишвар мусоидат хоҳанд кард.
