Имрӯз, 27 апрели соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ноҳияи Кӯшониён маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур муовини якуми Раиси ҲХДТ Неъматзода М.М., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷ.Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Каримзода Ш., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ Сулаймонзода Л., раиси Комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён-27 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Абдуҷаббор, аъзои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷ. Балхӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён-27 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Пеш аз баррасии масъалаи мазкур комиссияи ба ҳисобгирии овозҳо аз ҳисоби аъзоёни кумитаҳои иҷроияи ҳарду ноҳия дар ҳайати 5 нафар интихоб карда шуд.
Лозим ба ёдоварӣ мебошад, ки дар асоси қарори Комиссияи Марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2026, № 92 дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кўшониён № 27, санаи 14 июни соли 2026, интихоботи миёнадавраи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили хориҷшуда, баргузор мегардад.
Боиси таасуф мебошад, ки моҳи декабри соли 2025, Раиси Кумита оид ба илм, маориф ва ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода ба таври ногаҳонӣ аз олам даргузаштанд. Мавсуф, аз ҳамин ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кӯшониён №27 вакил интихоб шуда буданд.
Бо назардошти ин ва тибқи қарори Комиссияи Марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки номзади арзанда аз ҳисоби Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон пешбарӣ гардад.
Мутобиқи моддаи 30-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тољикистон» ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқдоранд номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатӣ низ пешбарӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки ба ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кӯшониён №27 тамоми қаламрави ноҳияи Кӯшониён ва қисман ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дохил мебошанд.
Бо назардошти моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриде, ки ҳудуди ҳавзаи интихобот қаламрави ду ва зиёда ноҳия ва шаҳрро дар бар гирад, пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ин ҳавза дар Маҷлисҳои якҷояи (пленумҳо) кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб сурат мегирад. Дар ин ҳолат ба ин ҳавза як номзад пешбарӣ карда мешавад.
Дар асоси ҳамин моддаи қонун тартиби пешбарӣ кардани номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагонро ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар мекунанд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ сухан ба Муовини якуми Раиси ҲХДТ Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дода шуд. Мавсуф қайд карданд, ки бо маслињат ва розигии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои интихоб ва пешбарӣ шудан дар Маљлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ номзадии Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек ба вакилии Маљлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, маълумотномаи номзад ва фаъолияти меҳнатии ӯро ба ҳозирин шинос намуда, ба хусус қайд намуданд, ки дар парлумони касбии кишвар олимони ҳуқуқшинос ба мисли Сафарбекзода Ҳукмиддин хеле зарур буда, дар мариди интихоб гардиданашон ба сифати вакили парлумон боварӣ ҳаст мо шоҳиди таҳия ва қабули қонунҳои мукаммал ва кодексҳо хоҳем шуд.
Баъдан, аз ҳисоби фаъолони ҲХДТ, ки дар маҷлиси мазкур иштирок доштанд, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, сокини ноҳияи Кӯшониён Маҳмадғафуров Исмоил ба сухан баромада, дар бораи сифатҳои нек ва комёбиҳои илмию эъҷодии номзади пешбаришуда Сафарбекзода Ҳукмиддин ибрози назар намуда, ӯро ҳамчун номзади арзанда ва ғуқуқшиноси варзида муаррифӣ намуданд.
Дар идома, тибқи қонунгузории кишварамон овоздиҳии пӯшида баргузор карда шуда, ба тарафдории номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён-27 Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек аксарияти кулли аъзои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ овоз доданд.
Оид ба масъалаи мазкур қарори дахлдори маҷлиси якҷоя қабул гардида, аз Комиссияи ҳавзавии интихоботии Кӯшониён-27 хоҳиш карда шуд, ки дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонун, номзади ҲХДТ дар интихоботии миёнадаврии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён-27 ба қайд гирифта шавад.
Сипас, номзад ба вакили пешбаригардида Сафарбекзода Ҳ.С. ба сухан баромада, ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазируфтан ва пешбарии номзадиашон ба чунин як мансаби олии кишвар изҳори сипос ва миннатдории бепоён намуда, инчунин ба аҳли Раёсати маҷлис ва аъзоёни кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷ.Балхӣ барои тарафдор овоз доданашон самимона миннатдорӣ намуданд.
Дар интиҳои маҷлис, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро сухан карда, сараввал ба муовини якуми Раиси ҲХДТ Неъматзода М.М. барои иштироки бевосита ва роҳнамоиашон, инчунин барои дастуру супоришҳои муфид ба фаъолони ҲХДТ миннатдорӣ баён намуданд. Ҳамзамон, фаъолони ҳизбро барои ташкили вохӯриҳои тарғиботии дарпешистода ва иштироки васеи ҳизбиёну ҷонибдоронамон дар интихоботи миёнадаврӣ дар санаи 14 июни соли ҷорӣ даъват намуданд.
Оид ба масъалаҳои баррасигардида дар маҷлиси мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Бо ҳамин кори маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ пӯшида эълон карда шуд.
ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАВЗАИ ЯКМАНДАТИИ ИНТИХОБОТИИ КӮШОНИЁН -27 АЗ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

