Дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди онлайнӣ (маҷозӣ) аз ҷониби номзади илмҳои таърих, дотсент Ю.Н. Циряпкина – мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни дарс як қатор омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқ, аз ҷумла профессор Халилзода Д.Х., доктори илмҳои таърих Наботов Ф., дотсент Мирзоев Ғ.Ш., номзадони илмҳои таърих Абдуллоев Ҷ., Юусуфиён М., Садбарги И., Ҳиматзода Ҳ., инчунин намояндаи раёсати муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Сафаров Ф. ва донишҷӯёни гурӯҳи 203, ихтисоси таърих ва ҳуқуқ (бо забони русӣ) фаъолона иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки чунин дарсҳои кушоди байналмилалӣ ба густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии омӯзгорону донишҷӯён мусоидат менамоянд. Иштирокчиён ба мавзуи пешниҳодшуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар анҷоми дарс бо суолу ҷавоб ва мубоҳисаҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

