Дар доираи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи андозчиён таҳти унвони «Андоз — омили пойдории давлат ва таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд» баргузор гардид.
Дар оғози мизи мудаввар Фирдавс Нориён, сардори Раёсати илм ва инноватсия сухани ифтитоҳӣ намуда, аҳамияти андозро ҳамчун пояи устувории иқтисоди миллӣ ва рушди иҷтимоӣ таъкид кард.
Дар идомаи чорабинӣ мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Раҷабзода Фахриддин Чомаҳмад бо маърӯзаи худ дар мавзуи «Муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав» баромад намуда, тағйироту иловаҳои навро шарҳ дод.
Ҳамчунин, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Солеҳзода Абдурозиқ Бухор дар мавзуи «Муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо» баромад карда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Дар қисмати дигар, омӯзгори кафедраи андоз ва андозбандӣ Фарходи Қаҳор дар мавзуи «Давраҳои ташаккул ва марҳилаҳои рушди низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, рушду такомули соҳаи андозро дар кишвар таҳлил кард.

