Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъолу болаёқат баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси низомномаи озмун ва тибқи ҷадвали баргузории озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ барои соли 2026 роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавонон, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
Дар даври муассисавӣ иштирокчиён аз рӯйи дониши худ оид ба асарҳо, фаъолияти давлатӣ ва хизматҳои таърихии Пешвои миллат маҳорати худро нишон дода, дар бахшҳои гуногун – аз ҷумла саволу ҷавоб, таҳлили матн ва суханварӣ қувваозмоӣ намуданд. Тавре маълум аст, озмун ба рушди қобилияти эҷодӣ, сухандонӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Ҳайати ҳакамон сатҳи омодагии иштирокчиёнро санҷида, беҳтаринҳоро барои иштирок дар даври минбаъдаи озмун тавсия медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки чунин озмунҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст нақши муҳим дошта, ҷалби ҷавононро ба мутолиа ва омӯзиши мероси гаронбаҳои миллӣ боз ҳам тақвият мебахшанд.

