Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Саъдуллозода Шамсиддин — сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, Шерализода Заробиддин — сардори шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ ва Алихонзода — сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҷамъомадро Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ ифтитоҳ бахшида, оид ба саҳми муассиса дар омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯзҳои аввали фаъолият то имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ дар кишвар нақши назаррас дорад.
Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва саҳми омӯзгорон дар тарбияи насли наврас суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки айни замон шумораи хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ 355 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 277 нафар тариқи буҷавӣ ва 78 нафар аз рӯйи квотаи Президентӣ ба фаъолияти педагогӣ сафарбар мегарданд.
Тақсимоти мутахассисони ҷавон ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус арзёбӣ гардида, барои таҳкими соҳаи маорифи кишвар мусоидат менамояд.

