Нақш ва мақоми оила дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Бале оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад. Зеро ки то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кӯдакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннати хешро ҷо накунад, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад. Ҳувияти миллӣ ин надоштани шахсият ва бенажодии инсонро гувоҳӣ медиҳад.
Таъкид кардан бо маврид аст, ки дар оила мақом ва манзалати модар хело бузург аст, чунки модар аст, ки фарзанд ба дунё оварда, аввалин ҳарфро ба ӯ ёд медиҳад. Президенти маҳбуби кишварамон борҳо дар баромадҳояшон доир ба нақши модар дар тарбияи фарзанд ва солимии хонавода гуфта гузаштаанд, ки «Дар оилае, ки модар дорои маърифати баланд аст, фарзандони нек ба воя мерасонад. Бинобар ин худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми он ба хубӣ эҳсос мегардад. Дар ин ҳолат афроди ҷомеаи таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварад, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватан рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд».
Аз ин фармудаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки мақоми модар ва зан на танҳо дар оила, балки дар пешрафт ва ваҳдатгароии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ ниҳоят бузург аст. Зан-Модар будан, ки бо ҳисси волои ватандӯстиву миллатдӯстӣ фарзандону оилаҳои худро муттаҳид сохта, барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ зидди ҳар гуна гурӯҳҳои мухталифе, ки муқобили давлату кишвар баромада буданд мубориза карданд ва бо саъю талоши зиёде аз кишвари соҳибистиқлоли хеш ҳидоят намуданд.
Имрӯз ҳам дар байни занону модарон шахсони боҳиммате ҳастанд, ки барои солимии оила ва тарбияи дурусти фарзандон ва ояндаи дурахшони онҳо саъю талош менамоянд. Модарон новобаста ба он ки мушкилот ва равандҳои гуногуни зиндагониро аз сар гузаронида бошанд ҳам фарзандонеро дар муҳити давлати ҳуқуқбунёд таълиму тарбия намудаанд, ки барои ваҳдату ба даст овардани истиқлоли миллӣ дар замони муосир бо афкори илмӣ-фарҳангӣ ва нигоҳи наву кушиш баҳри расидан ба марому мақсади нек бо фарҳангу маърифати боло амал намоянд. Истиқлоли миллии кишварамон имконият ва шароит муҳайё кард, ки мардуми мо нисбатан озод ва худшиносиву ҳувияти миллӣ дошта бошанд ва пайгири масоили муҳими рӯз гарданд ва бар зидди ҳар гуна унсурҳои зараррасони бегона, ки бар зидди пешрафти ҳаёту зиндагиамон мебошад ва ҷаҳлу гумроҳии фарҳангиву миллӣ мубориза кунанд.
Натиҷаи тарбияи нодуруст аст, ки меҳру муҳаббати бисёр фарзандон фақат ба пулу молу мошин ва манфиат аст. Агар ба ҳаёту фаъолияти мутафаккирони асримиёнагии тоҷик назар афканем дар хонаводаи онҳо як ё ду фарзанд буд, зеро ки тарбияи фарзандони зиёд сахт ва мушкил буд ва агар онҳо ду нафар мебуданд ҳатман як нафар ба омӯзиши илму адаб ва дигаре ба тиҷорат ва ё касбу шуғлҳои дигар машғул мешуд. Мисоли беҳтарин ин Абӯалӣ Ибни Сино ва Носири Хусрав ҳастанд, ки бародарони онҳо ҳарду ба корҳои тиҷорат машғул буданд, аммо худи онҳо, махсусан Ибни Сино шабу рӯз ба омӯзиши илму маърифат ва аз назди як омӯзгор ба ба дигар омӯзгор машғули таҳсилу аз худ намудани илму адаби замона буд. Носири Хусрав бошад дар дарбори салчуқиён хазинадор буд, вале дар синни чиҳилсолагӣ тарки молу дарбор намуда, ба сафари тӯлонӣ баромад ба хотири омӯзиши илму дониш ва ошноӣ ба мазҳабу тариқатҳои гуногун ва интихоби роҳу равиши дурусти зиндагӣ. Вале имрӯз фарзандону ҷавонони мо аз хондану навиштан, илму дониш ва ахлоқи хамида нисбатан дур шуда истодаанд, онгоҳ бо чунин раванди зиндагии беилмиву бедонишӣ ва беахлоқӣ онҳо чигуна аз ваҳдату истиқлолияти миллиамон ҳимоят мекунанд. Падару модарони азиз малол нашаванд, ҳанӯз вақт аст, ки ба тарбияи фарзандон вобаста ба талаботҳои замони муосир машғул шавем, ба кору рафтор ва аъмолу хулқи онҳо бо ҷиддият аҳамият диҳем. Бояд ба қадри ғамхориву заҳматҳои Пешвои миллатамон расем ва ба гуфтаҳои он кас амал кунем, зеро ки Ваҳдату Истиқлоли миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва ин кишвари ободу солим бо муҳаббат ва ишқ сохта шуда истодааст. Бигузор, зебоиҳои табиату сохторҳои онро мо бо ахлоқи писандидаву илму дониш ва маърифати худ боз ҳам зеботару равшантар гардонем.
Дар ҳаёт зану шавҳар шарики зиндагианд ва дар масири зиндагӣ якдигарро ёру ёваранд ва ҷавҳари асосии оилаанд, вале оила дар навбати худ ҷавҳари асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷомеа бошад пойдевори асосии давлат аст, бинобар ин оилаи солим ва фарзандони солим ин калиди асосӣ ва ояндаи давлат ҳисобида мешавад.
Бинобар ин, таълим ва тарбияи фарзандон дар оила ҳам вазнинтарин масъулият ва ҳам босаодаттарин давраи омӯзиш дар ҳаёти падару модарон мебошад. Зеро аз аввалин рӯзҳои зиндагонии тарбиявӣ-ахлоқии рушди ҳар як фарзанд масъулияти сангине бар души волидайни онҳост. Ин масъулият пеш аз ҳама бар асоси он ташаккул меёбад, ки кӯдак як иртиботи муҳимеро байни худ ва падару модар месозад, то ки тавассути он рушду ташаккули ахлоқии кӯдак рӯз то рӯз, ҳар лаҳзаву соат дар марҳилаҳои мухталифи ҳаёташ оҳиста-оҳиста инкишоф ёбад. Тарбияи фарзандро бояд бо назардошти табиату ҳолатҳои равонӣ ва муҳити зисти ӯ анҷом дод.
Мақсади тарбия тавсия ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад, чунонки таъкид шудааст, ки ба ҳолатҳои рӯҳу равони ӯ нигоҳ карда, амал кардан зарур меояд. Агар волидайн тарбияи кӯдакро масъалаи содда шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кӯдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи некро набояд интизор шаванд. Чунки ҳодисаҳои нохуше, ки дар солу моҳҳои охир дар ҳаёти кӯдакону наврасон рух додааст, ба монанди дар об ғарқ шудан ва ё худкушӣ намудани фарзандон, ки иллати асосии он беэътиноии худи волидайн мебошанд.
Бархе аз падару модарон кушиш менамоянд, ки фарзандони онҳо боадабу бомаърифат, шахсияти бузург, донишомӯз ва шаҳрванди ба масъулияти ватани хеш бошанд. Аммо, новобаста бар он, ки падару модарон имрӯз зиёдтар кушиш мекунанд, ки фарзандонашонро ба беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ба таҳсил равона созанд, соҳиби маълумоти арзанда гарданд, вале ин на ҳама вақт мушкили онҳоро ҳал мекунад. Чунки то замоне, ки худи волидайн дар таълиму тарбияи ахлоқӣ ва донишомӯзии онҳо саҳмгузор набошанд, яъне хондани китобу омӯзиши фанҳо ва интихоби касбро бо назардошти хостаҳои қалбиашон ба онҳо ёд надиҳанд ва раҳнамоӣ накунанд, ҳеҷ донишгоҳ, омӯзгорон, ё худи ҷомеа наметавонад талаботҳои фарзандон ва волидайнро қонеъ гардонанд. Аз тарафи дигар хулқу рафтори неки фарзанд низ яке аз масоили муҳими ҳалкунандаи тақдири онҳо мебошад.
Мутафаккири бузурги асри 14 Имоди Фақеҳ дар фасли чоруми «Сафарнома»-и хеш дар фасли «Насиҳат ба фарзанд» дар мисоли фарзанди худ инсонҳоро ба хулқи неку, рафтору гуфтори солеҳ, фазлу ҳикмат, илму амали ҳасана даъват мекунад ва мефармояд, ки гавҳари инсонӣ ва нияти неку поксиришт дар рафтору кирдори ӯ бидуни риё таҷаллӣ пайдо мекунад. Ӯ ба инсонҳо панд дода менависад:
Рӯй матоб аз назари аҳли илм,
Сар макаш аз хоки дари аҳли илм….
Гар надиҳӣ умр ба ғафлат зи даст,
Сар биниҳад пеши ту ҳар кас, ки ҳаст.
Дар оила, аз як тараф заминаҳои моддиву маънавӣ аз зан вобастагӣ дошта бошад, аз тарафи дигар ӯ монеаи бероҳа шудани фарзандону шавҳар дар ин масири зиндагӣ мегардад, то ки вазифаи муқаддаси худро ҳам аз лиҳози шаръӣ ва ҳам аз ҷиҳати дунёӣ шарофатмандона анҷом диҳад. Яъне зан-модар бо оилаи хеш тавассути тарбияву таълим ба сифати занҷири васлкунанда, ҳамчун интиқолдиҳандаи арзишҳои миллӣ аз як насл ба насли дигар амал намуда, дар пойдору устувор нигаҳ доштан ва дар вуҷуди фарзандон тарбия кардани ҳисси миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба он арзишҳо нақши арзанда мебозанд.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, дар навбати худ, пеш аз ҳама ба шинохти чеҳраи иҷтимоӣ-сиёсии падару модарон ва масъулияти онҳо нисбат ба тарбияи фарзандон, ки ояндаи миллатанд, мусоидат намудаст. Занони тоҷик дар давраи соҳибистиқлол буданашон дар баробари рисолати модарӣ ва ҳамсарӣ боз рисолати роҳбариро низ сарбаландона метавонанд анҷом диҳанд, ки ин аз баракати Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва дастгириҳои Пешвои миллатамон аст.
Боварии комил дорам, ки ин навиштаҳои мухтасар як рамзи такондиҳанда ва раҳнамое шавад барои оилаҳо, ҷомеа дар таълиму тарбияи ахлоқӣ, илмӣ, моддӣ, иҷтимоӣ ва маънавии насли наврас ҳамчун созандагон ва ахтарҳои дурахшони ояндаи кишварамон.
Аз ин рӯ, ғамхорӣ ба оила, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муҳими ҷомеа ва давлат аст. Оилаи солим на танҳо муҳити тарбияи фарзанди солеҳ, балки пояи устувори ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҷомеаи пешрафта аз оилаҳои солим оғоз мешавад ва ояндаи давлат ба тарбияи дурусти насли наврас аз оила вобастагии муҳим дорад.
Давлатбекзода Вайсиддин,
н.и.п., саромӯзгори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
