Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Пешрафти давлат, рушди иқтисод, устувории ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонон ҳамчун қишри фаъолу созанда мавқеи муҳим дошта, барои пешрафти Ватан саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба тарбия, таълим ва дастгирии ҷавонон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳо — илму маориф, иқтисод, фарҳанг, варзиш, техника ва идоракунии давлатӣ фаъолона иштирок намуда, бо дониш ва қобилияти худ обрӯи мамлакатро баланд мебардоранд. Ояндаи давлат маҳз ба ҷавонони босавод, ватандӯст ва худшинос вобаста мебошад.
Ҷавонон қувваи бузурги иҷтимоӣ буда, метавонанд ҷомеаро ба сӯи пешрафт раҳнамоӣ намоянд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология нақши ҷавонон боз ҳам бештар мегардад. Ҷавонони имрӯз бояд на танҳо соҳиби донишҳои замонавӣ бошанд, балки ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ низ дошта бошанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷавонон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, китобхонаҳо ва майдонҳои варзишӣ далели ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад. Ин имкониятҳо ҷавононро водор месозанд, ки барои омӯзиши илмҳои муосир ва аз худ намудани касбу ҳунар кӯшиш намоянд.
Ҷавонон инчунин дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас доранд. Бисёре аз соҳибкорони ҷавон бо ташкили корхонаҳои хурду миёна ҷойҳои нави корӣ муҳайё намуда, ба пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат мекунанд.
Яке аз вазифаҳои асосии ҷавонон ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва забони давлатӣ мебошад. Ҷавонони соҳибмаърифат бояд таърихи халқи худро омӯзанд, фарҳанги миллиро эҳтиром намоянд ва барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳм гузоранд.
Ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ҷавононро ба корҳои созанда ҳидоят мекунад. Ҷавоне, ки Ватанро дӯст медорад, ҳамеша барои ободии он кӯшиш менамояд ва дар ҳифзи сулҳу субот саҳм мегузорад. Маҳз ҷавонони ватандӯст метавонанд давлатро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ ва фарҳангии бегона муҳофизат намоянд.
Давлатҳое пешрафта мешаванд, ки ҷавонони соҳибилм ва мутахассисони рақобатпазир доранд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои илмӣ фаъолона иштирок намуда, Парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Ин нишон медиҳад, ки ҷавонони мо дорои истеъдод ва имкониятҳои бузург мебошанд. Барои рушди ҷомеа ҷавонон бояд ташаббускор, эҷодкор ва навовар бошанд.
Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи давлат аз фаъолияти ӯ вобаста аст. Ҷавонон бояд аз амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва нашъамандӣ дурӣ ҷӯянд. Ба ҷойи ин онҳо бояд ба омӯзиш, меҳнат ва корҳои созанда машғул шаванд.
Ҷавонони фаъолу боирода метавонанд дар ҳифзи сулҳу ваҳдат, рушди давлатдорӣ ва ободии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Ватан ба ҷавонони донишманд, соҳибахлоқ ва масъулиятшинос ниёз дорад.
Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.
Омўзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон собит менамояд, ки вай марҳалаҳои гуногунро тай кардааст:
Марҳалаи якум – аз моҳи марти соли 1992 то моҳи июни соли 1997. Ин марҳала аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» оғоз гардида, то баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ идома меёбанд.
Дар ин марҳала саҳифаи навинро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати ҷавонон» боз намуд.
Дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳимми ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳайё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”.
Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосии худ шуморид.
Пешвои миллат дар баромади худ борҳо таъкид менамоян, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташшакул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавонон, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.
Марҳалаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон (аз июни соли 1997 – моҳи июни соли 2004) аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири навро дарбар мегирад.
Марҳалаи сеюм аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав (июли соли 2004) ибтидо гирифта, то таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 гуфта буданд, ки “аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.
Тавре медонем, ин мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон дошта буданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дарҷ гардидаст, ки ҷавонон бояд дар қиёс ба ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.
Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”.
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон бошанд ва афкору андешаи тозаи онҳо ба роҳ ёфтани ақоиду амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.
Дар ҳақиқат, ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои Ватананд. Пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Агар ҷавонон соҳибилм, ватандӯст ва худшинос бошанд, давлат низ пешрафта ва неруманд мегардад.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд барои омӯзиши илм, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободии Ватан саҳмгузор бошад. Танҳо бо нерӯи ҷавонони фаъолу созанда метавон Тоҷикистони ободу пешрафтаро бунёд намуд.
Шодиён Бурҳониддин,
декани факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав
