Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоти судманд бо кормандони қисми хоҷагӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба тарбия, Абдурозиқ Ризозода, раиси Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, Муҳиддин Ширинзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ва Маҳмадкарим Шарипов, раиси мутаҳидаи Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимни сӯҳбат масъулин аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони қисми хоҷагӣ ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани саҳн ва муҳити Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ёдовар шуда, фаъолияти онҳоро намунаи меҳнати содиқона ва масъулиятшиносӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо кӯшишу заҳмати чунин кормандони меҳнатдӯст муҳити донишгоҳ ҳамеша ободу зебо нигоҳ дошта мешавад ва барои донишҷӯёну омӯзгорон шароити хуби фаъолият фароҳам мегардад.
Ҳамчунин, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони қисми хоҷагии донишгоҳ кумакҳои молӣ расонида шуд.

