Дониш яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти инсон ба шумор меравад. Инсон маҳз ба воситаи дониш ҷаҳонро мешиносад, ақлу тафаккури худро рушд медиҳад ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб мекунад. Аз қадимулайём мардум илм ва маърифатро гиромӣ медоштанд, зеро ҷомеаи пешрафта танҳо бо нерӯи дониш рушд меёбад.
Нақши дониш дар зиндагии инсон хеле бузург аст. Пеш аз ҳама, дониш инсонро аз ҷаҳолат ва нодонӣ дур месозад. Шахси босавод метавонад ҳақро аз ноҳақ фарқ кунад, фикри мустақил дошта бошад ва барои ҳалли мушкилоти зиндагӣ роҳи дуруст пайдо намояд. Инчунин дониш ҷаҳонбинии инсонро васеъ карда, ӯро ба сӯи ахлоқи ҳамида ва рафтори нек ҳидоят мекунад.
Мактаб ва омӯзгор дар ташаккули инсон нақши муҳим доранд. Дар мактаб хонандагон на танҳо илм меомӯзанд, балки одобу ахлоқ, эҳтироми калонсолон, дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро низ аз худ мекунанд. Омӯзгорон бо меҳнати содиқона ба шогирдон роҳнамои зиндагӣ мегарданд. Аз ин рӯ, эҳтироми омӯзгор ва қадршиносии илм вазифаи ҳар хонанда мебошад.
Китоб низ дар ташаккули шахсият аҳаммияти калон дорад. Мутолиаи китоб дониши инсонро зиёд намуда, нутқу тафаккури ӯро равшан месозад. Инсоне, ки пайваста китоб мехонад, ҷаҳонбинии васеъ ва фарҳанги баланд пайдо мекунад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд: «Китоб — сарчашмаи дониш аст».
Ҷавонони имрӯз бояд ба омӯзиши илм таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, зеро ояндаи давлату миллат аз ҷавонони босаводу донишманд вобаста аст. Ҳар қадар ҷавонон бештар илм омӯзанд, ҳамон қадар ҷомеа рушд мекунад ва кишвар пеш меравад. Имрӯз ҷаҳон ба мутахассисони соҳибдониш ниёз дорад ва танҳо инсонҳои босавод метавонанд дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Хулоса, дониш инсонро комил мегардонад ва ӯро ба қуллаи муваффақият мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд барои омӯзиши илм, мутолиаи китоб ва такмили ҷаҳонбинии худ пайваста кӯшиш намояд. Зеро дониш чароғест, ки роҳи зиндагии инсонро равшан мекунад.
Манонзода Аниса,
хонандаи синфи 9-уми Литсейи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав
