Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Мактаби байналмилалии тобистонаи таҳти унвони «Психологияи асри XXI: ҷустуҷӯи моҳияти зиндагӣ» ба кори худ оғоз намуд. Дар ҳамоиши илмӣ устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда, бо ҳамкасбони худ масъалаҳои муҳими равоншиносии муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои олимону муҳаққиқони донишгоҳи Самарқанд ва ҳамчунин дотсенти кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ Д. Маҳкамзода шунида шуда, доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи имрӯз, рушди илми равоншиносӣ ва нақши он дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ байни ду муассисаи таҳсилоти олӣ, муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис табодули таҷриба миёни донишгоҳҳоро падидаи муҳим ва муассир арзёбӣ намуд.
Ба ҳайати донишгоҳи Самарқанд туҳфаҳои рамзӣ, аз ҷумла китоби «Тоҷикони»-и Бобоҷон Ғафуров ва намунаҳои ҳунарҳои чакандӯзии тоҷикӣ тақдим карда шуданд, ки бозгӯи фарҳангу тамаддуни ғании миллати тоҷик мебошанд.
Сипас, ба китобхонаи Донишгоҳи Самарқанд аз ҷониби мудирони кафедраи психология Гулзода Рамазон ва рӯзноманигор Сангимурод Шарипов китобҳои илмӣ- методии устодони донишгоҳ тақдим карда шуд.
ОҒОЗИ МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОБИСТОНА ДАР САМАРҚАНД: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВА ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА

