Имрӯз аз ҷониби Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ба ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат туҳфаҳои варзишӣ тақдим гардид.
Зимни тақдими ҳадия таъкид карда шуд, ки футбол имрӯз яке аз намудҳои маъруф ва муттаҳидкунандаи варзиш ба ҳисоб рафта, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш нақши муҳим дорад.
Роҳбарияти донишгоҳ барои чунин иқдоми шоиста ба масъулини Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки дар донишгоҳ барои рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, донишҷӯён пайваста дар мусобиқаҳои гуногун фаъолона иштирок менамоянд.
