Таҳти ин унвон бо ибтикори идораи рӯзномаи “Хатлон” дар матбааи “Торус”-и шаҳри Душанбе маҷмӯаи мақолаҳои публитсистии муҳаққиқ ва журналист Дилором Маҳкамзода ба табъ расид. “Дарси садоқат” аз 224 саҳифа иборат буда, маҷмӯаи маводи публитсистиест, ки дар бораи ватандорӣ, ваҳдату рушди Тоҷикистон, бархӯрдҳои замони муосир- мубориза бо терроризму экстремизм, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пешгирии косташавии ахлоқи насли наврас ва диди занона ба воқеият аст. Маводи ин китоб дар доираи озмунҳои эҷодии “Ифтихори ватандорӣ”, “Олиҳаи меҳр” ва “Занон- нигини тоҷик миллат”, ки аз ҷониби идораи рӯзномаи “Хатлон” бо мақсади гиромидошти модар ва чеҳранигории бонувони фаъоли Хатлон замин баргузор гардидаанд, гирдоварӣ шудааст. Маҷмӯа аз се қисмат иборат буда, маводи пурмуҳтавои публитсистӣ, таронаву шеърҳоро фаро гирифтааст. Китоб ба доираи васеи хонандагон пешниҳод карда мешавад. “Дарси садоқат” китоби чоруми номзади илмҳои филологӣ, Аълочии матбу-от, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Дилором Маҳкамзода аст. Ҳамчунин, монографияи“Муқовиматҳои сиёсӣ ва раванди сулҳи тоҷикон дар публитсистикаи китобӣ” (2018), китобҳои“Шаҳди сулҳ” (2019), “Асосҳои таҳрири матни журналистӣ” (2021, ҳаммуаллиф Н. Маъмурзода) ба қалами ӯ мансубанд.
ДАРСИ МУҲАББАТ БА ВАТАН, АРҶГУЗОРӢ БА ЗАН ВА САДОҚАТ БА КАСБИРӮЗНОМАНИГОРӢ
Дар илми журналистикаи муосири тоҷик, бахусус дар замони истиқлол, нақши публитсистикаи чеҳранигорӣ ва иҷтимоӣ мақоми хос пайдо кардааст. Ҷойи баҳс нест, ки публитсистика василаи муассири тарбия, бедорсозии шуур ва ҳидояти ҷомеа мебошад. Имрӯз зуҳури китобҳое, ки набзи зиндагии воқеӣ ва тақдири инсонҳои фидоиро инъикос мекунанд, падидаи ниҳоят арзишманд аст. Китоби навбатии номзади илмҳои филологӣ, муҳаққиқ ва рӯзноманигори соҳибсабк Дилором Маҳкамзода бо номи «Дарси садоқат» маҳз аз ҳамин қабил асарҳост. Муаллиф, ки худ пажӯҳишгари дақиқназари соҳаи журналистика ва шоҳиди бевоситаи равандҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон аст, тавонистааст мақолаҳоеро, ки аксаран дар рӯзномаи «Хатлон» нашр шудаанд, дар як низоми муайяни илмӣ ва публитсистӣ-адабӣ гирд оварад. Яке аз вижагиҳои асосии ҳунари эҷодии муаллиф дар он аст, ки вай аз тасвири зоҳирии воқеаҳо ба умқи моҳияти масъала меравад. Ӯ ба ҳар як мавзуъ, хоҳ он сиёсӣ бошад, хоҳ иҷтимоӣ ва хоҳ ноқили тақдири як шахси алоҳида, бо диди ниҳоят баланди ҳирфаӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ муносибат мекунад. Ин маҷмӯаи мақолаҳо як навъ «қомуси чеҳраҳои мондагор» ва таҳлили амиқи нақши зан дар таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Масъалагузории журналистии Дилором Маҳкамзода гувоҳ аст, ки муаллиф аз мушкилоти ҷомеа намеҳаросад. Ӯ дар мақолаҳои худ «дард»-ро пайдо мекунад ва дар баробари ин, тавассути неруи маънавӣ роҳи табобати онро низ нишон медиҳад. Маҳз ҳамин омезиши илм ва амалия услуби ӯро дар журналистикаи тоҷик фарқкунанда сохтааст. Китоби «Дарси садоқат» аз се қисмати асосӣ иборат буда, ҳар яке дорои хосиятҳои мавзуӣ ва услубии хос мебошад. Ин сохтор ба муаллиф имконият додааст, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро бо низоми мантиқӣ ва пайдарпай таҳлил намояд. Дар боби аввал муаллиф ба масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва нақши Пешвои миллат дар эҳё ва ташаккули ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ кардааст. Дилором Маҳкамзода бо такя ба далелҳои таърихӣ, андешаҳо ва таҷрибаи шахсӣ ба таҳлили амиқи равандҳои сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон мепардозад. Ӯ публитсистикаи сиёсиро бо самимияти инсонӣ омезиш дода, ҳамчун муҳаққиқ дарк мекунад, ки заминаи асосии ҳама гуна эҷод ва пешравӣ оромӣ ва суботи сиёсӣ аст. Мақолаи «Ваҳдат дар афкори Пешвои миллат»-ро метавон таҳлили илмии консепсияи сулҳофарии тоҷикон номид. Дар мақола муаллиф ба ин нуктаи муҳим ишора мекунад, ки ваҳдат барои тоҷикон танҳо як мафҳуми сиёсӣ не, кафолати зинда мондани миллат буд. Мақолаҳои ин бахш бо забони суфтаи публитсистӣ ва далелҳои таърихӣ мусаллаҳанд. Муаллиф менависад: «Истиқлолият барои мо имкони таърихиест, ки симои воқеии миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем ва дар ин роҳ ҳар як қалами рӯзноманигор бояд ҳамчун силоҳи созанда хидмат намояд». Муаллиф бо маҳорати баланди суханварӣ қайд мекунад, ки ваҳдат ҷараёни хуни тоза дар рагҳои миллати куҳанбунёди мост, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва ҷонисориҳои фарзандони содиқ ба даст омадааст. Дар мақолаи «Истиқлол ормон не, воқеият аст» низ муаллиф бо шеваи таҳлилӣ нишон медиҳад, ки истиқлол як раванд ва масъулияти доимист. Ӯ менависад: «Истиқлолу озодӣ барои ҳар яки мо неъмати бузургтарин, сарвати бебаҳотарин ва дастоварди арзандатарини зиндагӣ мебошад». Ин мақола намунаи барҷастаи публитсистикаест, ки ҳамзамон хусусияти тарбиявӣ дорад. Мақолаи «Нони сулҳ» бошад, аз ҷиҳати услуб ва таъсирнокӣ яке аз қуллаҳои ҳунари эҷодии муаллиф маҳсуб мешавад. Дар он воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо тасвирҳои зинда инъикос ёфтаанд. «Бӯйи нони дастурхон, бӯйи ризқи саҳарӣ, бӯйи тинҷию амонӣ…», – қудрати баланди тасвирсозии муаллифро дар ҳамин иқтибос пайхас кардан мумкин аст. Ин тарзи баён агарчи оҳанги бадеӣ дорад, бо унсурҳои публитсистӣ омехта шуда, ба матн таъсири амиқи эҳсосӣ мебахшад ва хонандаро ба андеша водор мекунад. Дар мақолаи «Масири мушкили бедорӣ» масъалаи ҷанги шаҳрвандӣ аз дидгоҳи маънавӣ ва инсондӯстона баррасӣ мешавад. Муаллиф менависад: «Ҷанг дар домони худ хушку тарро баробар месӯзад». Дар ҳақиқат, ин ҷумла бо содагии худ як ҳақиқати бузургро ифода мекунад ва бозгӯи он аст, ки муаллиф тавонистааст бо як ибораи кӯтоҳ фоҷиаи як давраи таърихи миллатро ҷамъбаст намояд. Аз мақолаҳои ин бахши китоби Дилором Маҳкамзода бармеояд, ки рӯзноманигори асил бояд набзи давлатдориро эҳсос кунад ва дар таҳкими пояҳои он саҳмгузор бошад. Ин қисмати маҷмуа бештар ба масъалаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ бахшида шудааст. Муаллиф ба таҳлили масъалаҳои худшиносии миллӣ, нақши фарҳанг ва адабиёт дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ, инчунин таъсири омилҳои беруна ба ҷаҳонбинии ҷомеа мепардозад. Мақолаи «Савқи андешаи миллӣ» намунаи возеҳи ин раванд аст, ки дар он муаллиф ба осори олимон ва мутафаккирон такя намуда, зарурати бознигарии ҷаҳонбинии миллӣ ва таҳкими пояҳои маъ-навиро таъкид мекунад. Дар мақолаҳои марбут ба идеология ва ҷаҳонишавӣ муаллиф бо нигаронии ҷиддӣ аз таъсири афкори бегона сухан гуфта, ба зарурати таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ ишора мекунад. Ӯ менависад: «Ақли солим раҳоӣ аз ғафлат буда, афкори бепояро ботил мекунад». Ин андеша, метавон гуфт, ки мавқеи шаҳрвандии муаллифро возеҳ нишон додааст. Қисмати дуюми китоб асосан мақолаҳоеро фаро мегирад, ки дар доираи озмунҳои «Олиҳаи меҳр» ва «Занон- нигини тоҷик миллат» эҷод шудаанд. Ғолибан, ин қисмат қалби асар аст. Дар ин ҷо Дилором Маҳкамзода ба сифати портретнигори забардаст, равоншиноси нозукбин баромад мекунад. Ӯ тарҷумаи ҳол наменависад, балки«дунёи ботинӣ»-и қаҳрамонони худро мекушояд. Ӯ тавонистааст аз зиндагиномаи одии занони меҳнаткаш достонҳои ибратбахши садоқат биофарад. Дар мақолаҳои ин бахш мо симои зан-модарромебинем, ки дар як вақт ҳам тарбиятгар аст, ҳам роҳбар ва ҳам нигаҳдорандаи чароғи хонадон. Масалан, дар тасвири симои бонувони фаъол муаллиф ба ҷузъиёти хислати онҳо таваҷҷуҳ мекунад, ки бехтиёр, ҳисси эҳтиром ва ифтихорро дар ниҳоди хонанда бедор месозад. Дар мақолаи«Дили модар» муаллиф модарро чунин таъриф медиҳад: «Модар ягона мавҷудест, ки садоқаташ марз надорад. Ӯ метавонад дар баробари мушкилоти сангини рӯзгор қомат хам накунад, ба шарте ки фарзандаш дар амон бошад». Дар мақолаҳое мисли «Шарафи соҳибқаламӣ» ё «Дарси садоқат», муаллиф нишон медиҳад, ки садоқат танҳо вафодорӣ ба шахс не, ҳамчунин садоқат ба касб, ба арзишҳо ва ба Ватан аст. Ӯ масъалаи ҷойгоҳи занро дар ҷомеа на аз нигоҳи «феминизми сарди ғарбӣ», балки аз нигоҳи «меҳвари хонадон ва ҷомеа» будани зани тоҷик баррасӣ мекунад. Дар ин бахш муаллиф мақолаҳои публитсистиро бо унсурҳои бадеӣ ва таронаҳо тавъам сохтааст, ки ба матн таъсири бештар мебахшад. Муаллиф дар тасвири симои бонувони фаъол ба ҷузъиёти хислати онҳо чунон таваҷҷуҳ мекунад, ки хонанда худро дар канори қаҳрамон эҳсос менамояд. Ин гувоҳи касбияти баланд ва садоқати муаллиф ба арзишҳои рӯзноманигорист. Боби сеюми китоб, ки «Нигоҳи зан» ном дорад, аз нигоҳи мо, бештар хислати таҳлилӣ ва танқидӣ дорад. Дилором Маҳкамзода бо ҷасорати хоси журналистӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла мақоми зан дар ҷомеа, мушкилоти оиладорӣ ва тарбияи духтаронро матраҳ мекунад. Мақолаҳои«Ба як мард чил ҳунар кам аст?» ё «Зани роҳбар» нишон медиҳанд, ки муаллиф ҷонибдори фаъолгардонии нақши бонувон дар идораи давлатӣ мебошад. Ӯ собит мекунад, ки зани тоҷик метавонад дар соҳаҳои илм ва идоракунӣ муваффақ бошад, бе он ки латофат ва иффати худро гум кунад. Дар мақолаи «Қалбе, ки аз меҳри Ватан саршор аст» муаллиф симои ҷавони ватандӯст Маҳмадёқубро ба ҳайси намунаи насли нав муаррифӣ мекунад. Ин гуна образофарӣ яке аз хусусиятҳои муҳими публитсистикаи муаллиф аст, ки тавассути он арзишҳои миллӣ тарғиб мешаванд. Дар қиссаи воқеии «Ноумед нашав, духтарам» муаллиф ба хонандаи худ чунин паёми маънавӣ медиҳад: «Зиндагӣ на ҳамеша ҳамвор аст, вале иродаи зан ва садоқат ба ормонҳои олӣ метавонад ҳатто ториктарин шабҳоро ба субҳи умед табдил диҳад». Қиссаи мазкур манифести рӯҳбаландкунанда барои насли ҷавон аст, ки муаллиф бо истифода аз санъати сухан ва таҳлили равоншиносӣ хонандаро ба андеша ва ислоҳи камбудиҳои худ во-медорад. Яке аз ҷиҳатҳои муҳими китоби «Дарси садоқат» услуби хоси муаллиф аст. Дилором Маҳкамзода тавонистааст, ки услуби илмӣ, публитсистӣ ва бадеиро ба ҳам омехта, шакли то ҷое нави баёнро пешниҳод намояд. Эҳсос ва самимият, такя ба далел ва таҳлил, истифодаи образҳои зинда, забони равону фаҳмо, иқтибосоварии мақсаднок ва таъсирбахш аз ҷумлаи хусусиятҳои асосии услуби ӯ мебошанд. Дар баробари ин, забони китоб саршор аз ибораҳои халқист, ки онро ба хонандаи одӣ наздик мекунад. Агарчи гоҳе корбурди услуби илмиро дучор меоем, масъалагузориҳо оммафаҳманд, ки сатҳи баланди таҳлили муаллифро нишон медиҳад ва хонандаро то охир бо худ мебарад. Таронаҳои дар китоб овардашуда, аз ҷумла «Дили модар» ва «Ҳасрати дил» ба матни публитсистӣ ҷилои адабӣ бахшида, далели ҳунари баланди синтези жанрҳо дар эҷодиёти муаллиф аст. Китоби «Дарси садоқат»-и Дилором Маҳкамзода дар рӯзноманигории муосири тоҷик саҳифаи дурахшон аст. Он махсусан барои донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ба сифати сарчашмаи хуби омӯзиши жанри очерк ва мақолаи публитсистӣ хидмат хоҳад кард. Ин асар барои доираи васеи хонандагон, хосатан, ҳар касе, ки ба тақдири зани тоҷик ва ояндаи маънавии ҷомеа бетараф нест, дастури бебаҳо хоҳад буд. Дараҷаи касбияти Дилором Маҳкамзода ва масъалагузориҳои журналистии ӯ дар ин китоб нишон медиҳад, ки мо бо мактаби ташаккулёфтаи эҷодие рӯ ба рӯ ҳастем, ки сазовори омӯзиш ва пайравист. Ҳамзамон, бо мутолиаи мақолаҳои муаллиф метавон чунин хулоса кард, ки рӯзномаи«Хатлон», дар маҷмуъ, мактаби бузурги тарбия ва инсоншиносӣ мебошад. Мусалламан, ин маҷмуа таҷассумгари ҷаҳонбинии миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандии як муҳаққиқ ва рӯзноманигори варзида мебошад. Дар умум, «Дарси садоқат» сазовори таҳсини баланд аст, зеро он бо муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба зан ва садоқат ба касби рӯзноманигорӣ навишта шудааст ва ҳамин тавр, хонандаро низ водор мекунад, ки ба гузашта бо эҳтиром, ба имрӯз бо масъулият ва ба оянда бо умед назар кунад. Ҳамин аст маънии аслии «дарси садоқат». Итминон дорам, ки«Дарси садоқат» дар хазинаи адабиёти публитсистии муосири тоҷик ҷойи сазовори худро соҳиб мешавад.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ,
сармуҳаррири рӯзномаи«Хатлон»
http://khatlon-ruznoma.tj/hokimiyati-davlati/6472-darsi-sadoat.html
