Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат ёфтаанд мерасонад, ки ҳамарӯза тибқи реҷаи корӣ (аз 08:00 το 17:00) номгӯи ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод намоянд:
1) ариза ба номи ректор;
2) аттестат дар бораи хатми МТМУ;
3) 6 дона акси андозааш 3х4см;
4) маълумотномаи тиббӣ шакли №038;
5) гувоҳномаи ҳарбӣ (прописной) барои писарон;
6) шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият;
7) маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
8)хислатнома аз ҷои кор ва ё ҷои таҳсили охирин.
Суроға: вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67.
Эзоҳ: Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 06-уми августи соли ҷорӣ мебошад.
