Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот яке аз марҳилаҳои асосии рушди соҳаи маорифи кишвар ба шумор меравад. Вобаста ба татбиқи низоми мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбате намудем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.
– Пеш аз ҳама, мегуфтед, ки низоми кредитии таҳсилот чист ва он аз низоми анъанавӣ чӣ фарқ дорад?
– Агар содатар гӯем, низоми кредитӣ шакли муосири ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки дар он фаъолияти таълимии донишҷӯ тавассути воҳиди махсус – кредит ҳисоб ва баҳогузорӣ карда мешавад. Кредит ҳаҷми умумии кори таълимии донишҷӯ, яъне, соатҳои дарсӣ, корҳои мустақилона ва дигар фаъолиятҳои вобаста ба азхудкунии фанро дар бар мегирад.
Фарқи асосӣ дар муносибат ба раванди таълим зоҳир гардида, донишҷӯ дар маркази раванди омӯзиш қарор мегирад. Фарқияти муҳимми дигар нақши худомӯзӣ мебошад. Дар низоми анъанавӣ қисми асосии омӯзиш дар доираи дарсҳои лексия сурат мегирифт. Ҳоло ҳиссаи зиёди кредитҳо ба кори мустақили донишҷӯ рост меояд. Ин донишҷӯро водор месозад, ки мустақилона маводро омӯзад, иттилоотро ҷустуҷӯ намояд, таҳлил кунад ва натиҷаҳои лозимаро ба даст орад. Ҳамин раванд масъулият, интизом ва малакаҳои худидоракуниро дар донишҷӯ инкишоф медиҳад.
Метавон гуфт, ки низоми кредитии таҳсилот аз низоми анъанавӣ, дар баробари бо тағйири шакли ҳисобу баҳодиҳӣ тафовут доштан, ҳамзамон, бо тағйири муносибат ба моҳияти таълим низ фарқ мекунад. Дар он таълим ба раванди фаъоли муштарак байни омӯзгор ва донишҷӯ табдил ёфта, барои рушди мустақилият, масъулият ва рақобатпазирии мутахассисони оянда замина фароҳам меорад.
– Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани низоми мазкур дар чӣ буд?
– Гузариш ба низоми нав яке аз марҳилаҳои калидӣ дар рушди низоми миллии маориф маҳсуб меёбад, ки ҷиҳати мутобиқсозии таҳсилоти олии кишвар ба талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалӣ нақши муассир гузошт. Дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурати ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ, эътирофи мутақобили дипломҳо ва фароҳам овардани имконоти бештар барои ҳаракати академии донишҷӯён ва омӯзгорон ба миён омада буд, ки бо ҷорӣ гардидани низоми нав ин зарурат амалӣ гардид. Ҳамзамон бо ин, сифати таълим ва самаранокии раванди омӯзиш низ баланд шуд.
– Оё метавон гуфт, ки ин низом бештар ба донишҷӯ нигаронида шудааст? Агар ҳа, чӣ хел?
– Албатта. Дар асл, яке аз муҳимтарин ҳадафҳо фароҳам овардани шароите буд, ки дар он донишҷӯ нақши фаъолтар дошта бошад. Дар ин шакли таълим донишҷӯ танҳо иштирокдори ғайрифаъоли раванди омӯзиш нест, балки ҳамчун иштирокдори фаъол ва мустақили он баромад мекунад. Ӯ дар банақшагирии таҳсилаш бештар саҳм мегирад, барои азхуд намудани дониш ва натиҷаҳои таълимӣ масъулияти бештар ба дӯш дорад. Аммо низоми кредитӣ на танҳо барои донишҷӯён, балки барои омӯзгорон низ имкони нав фароҳам овард. Аз ҷумла, он ба такмили усулҳои таълим, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии омӯзгорон мусоидат намуд.
Дар ин низом донишҷӯ танҳо ба он чизе, ки дар дарс мешунавад, маҳдуд намешавад. Ӯ бояд худаш ҷустуҷӯ кунад, мутолиа намояд, маълумоти нав пайдо кунад ва барои натиҷаи кори худ масъул бошад.
Албатта, ин аз донишҷӯ масъулият ва кӯшиши бештарро талаб мекунад. Аммо дар баробари ин, ӯро омода месозад, ки дар оянда ҳамчун мутахассиси мустақил фикр кунад, қарор қабул намояд ва донишҳои худро дар амал истифода барад.
– Низоми кредитӣ аз омӯзгор чӣ гуна муносибат ва малакаҳои навро талаб мекунад?
– Чӣ тавре ки дар боло ишора намудем, нақши омӯзгор дар ин низом ба таври назаррас тағйир ёфт. Агар пештар омӯзгор бештар ҳамчун манбаи асосии дониш шинохта мешуд, дар низоми нав ӯ ба роҳнамо, мушовир ва ташкилкунандаи раванди омӯзиш табдил ёфт. Ҳоло аз омӯзгор талаб мешавад, ки барои рушди фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён шароит фароҳам оварад, раванди омӯзиш ва баҳогузориро дуруст ба роҳ монад.
Ҳамчунин, омӯзгор вазифадор аст, ки аз усулҳои муосири таълим, технологияҳои иттилоотӣ ва шаклҳои интерактивии омӯзиш истифода карда тавонад. Муҳимтар аз ҳама, ӯ бояд донишҷӯро ба таҳлил, ҷустуҷӯ ва омӯзиши мустақилона роҳнамоӣ намояд.
– Ба назари шумо, оё ҷорӣ шудани низоми нав ба баланд шудани сифати таҳсилот мусоидат кард?
– Пеш аз ҳама, бояд дар хотир дошт, ки сифати таҳсилот танҳо ба як омил вобаста нест, аммо таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки низоми кредитӣ барои беҳтар шудани раванди таълим ва баланд бардоштани масъулияти ҳамаи иштирокдорони он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Агар ба натиҷаи арзёбиҳое, ки ҳамасола аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор оид ба сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар гузаронида мешавад, назар кунем, мебинем, ки дар ҳақиқат, пас аз гузариш ба низоми нав сифати таҳсилот дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ баланд гардида, сатҳи омодасозии мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ низ беҳтар шудааст.
– Баҳогузорӣ аз рӯйи кадом меъёрҳо сурат мегирад ва чӣ гуна шаффофияти он таъмин мешавад?
– Шаффофияти баҳогузорӣ яке аз талаботи асосии низоми кредитӣ ба ҳисоб меравад. Бар хилофи низоми анъанавӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо баҳогузорӣ бештар ба арзёбии омӯзгор вобаста буд, дар низоми кредитӣ меъёрҳо ва тартиби баҳодиҳӣ пешакӣ муайян ва ба донишҷӯ пешниҳод карда мешаванд.
Дар умум, шаффофияти баҳогузорӣ тавассути таҳияи силлабус ва дастурамалҳои методӣ бо нишон додани натиҷаҳои интизории омӯзиш, навъҳои супоришҳо ва меъёрҳои баҳогузорӣ, инчунин, баҳогузории пайваста дар давоми семестр таъмин мегардад. Илова бар ин, истифодаи системаҳои электронии идоракунии таълим имкон медиҳад, ки ҳамаи натиҷаҳо сари вақт сабт ва барои донишҷӯ дастрас бошанд.
– Мегуфтед, ки рақамикунонӣ дар рушди низоми нав чӣ нақш дорад?
– Имрӯз пешрафти низоми кредитиро бе технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан душвор ва ҳатто, ғайриимкон аст. Маҳз технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки раванди таълим самараноктар идора шавад. Сабти натиҷаҳои таҳсил, баҳогузорӣ, назорати давомот ва дастрасии донишҷӯён ба маводди таълимӣ ҳама тавассути низомҳои электронӣ осонтар ва шаффофтар мегардад. Аз ин рӯ, рақамикунонӣ ҳам кори омӯзгорону донишҷӯёнро сабук мекунад ва ҳам ба баланд шудани сифати идоракунии раванди таълим низ мусоидат менамояд.
– Ташаккур, барои суҳбати пурмуҳтаво.
– Саломат бошед!
Сӯҳбаторо
Ҷасури Қиёмиддин, рӯзноманигор
(Бознашр аз маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», №7)
