Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки омӯзгорон ва кормандони қисми хоҷагӣ ҷиҳати ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити донишгоҳ ҳашари умумӣ баргузор гардид.
Дар рафти чанбегӣ омӯзгорону кормандон дар корҳои тозакунии дохил ва атрофи донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, саҳни муассиса, роҳравҳо, майдонҳои назди биноҳо ва дигар мавзеъҳоро аз партовҳо тоза карданд. Ҳамзамон, корҳои рӯбучин, ҷамъоварии партовҳо, нигоҳубини дарахту ниҳолҳо ва ба тартиб даровардани муҳити атроф анҷом дода шуданд.

