Дастаи футболи хурди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон иштироки фаъолона намуда, ба натиҷаи назаррас ноил гардид.
Мусобиқа бо мақсади рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи якум гардид.
Барои ин дастоварди арзанда ба донишгоҳ Дипломи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон супорида шудааст. Дар диплом зикр мегардад, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоми раиси вилояти Хатлон мукофотонида мешавад.
Ин дастоварди варзишӣ барои ҳайати кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мояи ифтихор буда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим шаҳодат медиҳад.
Ҷоизи зикр аст, ки рушди мунтазами варзиш дар донишгоҳ барои ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ, таҳкими саломатӣ ва дарёфти истеъдодҳои нави варзишӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Соҳиб гардидани Ҷоми раиси вилояти Хатлон дар футболи хурд бори дигар нишон медиҳад, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, аз ҷумла ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.

