Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар натиҷаи фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва хизматҳои шоиста дар ҷомеа сазовори эътимоди мардум гардид.
Устод Сафарбекзода Ҳукмиддин дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 бо дастгирии васеи интихобкунандагон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Сафарбекзода Ҳукмиддин ҳамчун омӯзгор, муҳаққиқ ва роҳбари варзида миёни аҳли илм, омӯзгорон ва донишҷӯён бо дониши амиқ, масъулиятшиносӣ ва хислатҳои неки инсонӣ соҳибэҳтиром мебошад. Ӯ солҳои зиёд дар самти рушди фаъолияти илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, татбиқи навовариҳо ва густариши ҳамкориҳои илмӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Интихоб гардидани ӯ ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон нишонаи қадршиносии ҷомеа аз фаъолияти содиқона ва хизматҳои арзандаи ин шахсияти донишманд буда, бозгӯи эътимоди мардум ба таҷриба, маҳорати роҳбарӣ ва масъулиятшиносии ӯ мебошад.
Ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафарбекзода Ҳукмиддинро бо ин дастоварди муҳим самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ ва қонунгузорӣ барояш комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.
