Дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Китобхонаи миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саодати миллат аз ваҳдат аст» баргузор гардид. Ҳадафи ҳамоиш арҷгузорӣ ба дастовардҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдории навини тоҷикон буд. Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон, зиёиён ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуда, оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими сулҳу субот, рушди устувори кишвар ва пешрафти ҷомеа андешаронӣ карданд. Дар ин ҳамоиши бонуфуз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ иштирок намуда, бо дигар намояндагони ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии кишвар дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ саҳм гузошт. Баргузории чунин ҳамоишҳо дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ, густариши фарҳанги сулҳ ва арҷгузорӣ ба неъмати бузурги ваҳдат аҳамияти хос дошта, дар таҳкими ҳамбастагии ҷомеа ва тарбияи шаҳрвандони соҳибватан нақши муассир мегузорад.
