Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27 июни соли 1997 дар кишвар фазои сулҳу субот таъмин гардида,барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам омад. Хушбахтона пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст.
Дар шароити сулҳу субот давлат имконият пайдо намуд,ки ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намояд. Зеро пешрафти ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи дониш ва маърифати шаҳрвандони он вобаста мебошад. Сарвати беҳтарини халқамон ин ваҳдат ва ягонагист.
Пас аз барқарор гардидани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа дода шуд. Дар солҳои истиқлолият садҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ва азнавсозӣ гардида,барои таълиму тарбия шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва таҳияи стандартҳои давлатӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд,ки дар шароити сулҳу субот амалӣ гардидаанд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.
Омӯзгор ҳамчун шахси калидӣ дар тарбияи насли наврас нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд,рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад,кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳар касе,ки ниҳоле сабзонда бошад,медонад – дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.
Он дарахте, ки Пешвои миллатамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд,имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо он мо тоҷикон фахр месозем.
Илм ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар шароити сулҳу субот рушд мекунад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дастгирии олимон ва муҳаққиқони ҷавон ба рушди иқтидори илмии кишвар мусоидат менамояд. Маҳз тавассути илм ва технология давлат метавонад рақобатпазирии худро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад. Насли ҷавон бояд дарк намояд,ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар маҷмӯъ гуфтан мумкин аст, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик заминаи асосии рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Маҳз дар шароити сулҳу субот соҳаҳои маориф ва илм рушд намуда, барои тарбияи насли босавод ва ватандӯст имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Имрӯз бо ифтихор қайд мекунам, ки Ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷаҳон омӯхта истодаанд.
Мо ҷавононро мебояд аз ин сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ шукрона намоем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем!.
Давлатова Ҳадиса,
донишҷӯи курси 3-юми факултети педагогика ва варзиш
