Имрӯз дар кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедра Ғуломова Саёҳат Маҳмадхонова баргузор гардид.
Рисолаи илмии муҳаққиқ дар мавзуи «Инъикоси муносибат ва бархӯрди наслҳо дар матбуоти маҳаллии вилояти Хатлон (дар мисоли рӯзномаи «Хатлон» ва маҷаллаҳои «Сафо» ва «Меҳровар»)» таҳия гардида, ба омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои муносибатҳои байнинаслӣ ва бозтоби онҳо дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ бахшида шудааст.
Роҳбарии илмии рисола бар уҳдаи Маҳкамзода Дилором Юнус, дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буда, зимни ҷаласа ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии таҳқиқот, навгониҳои илмӣ ва аҳамияти амалии он мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Иштирокдорони пешдифо, аз ҷумла устодону муҳаққиқон Муроди Мурод, профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Наргис Усмонова, мудири кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аъзои кафедра, доир ба мазмуну муҳтавои рисола, усулҳои таҳқиқот ва натиҷаҳои бадастомада андешаҳои худро иброз намуда, барои такмили минбаъдаи кори илмӣ пешниҳодҳои муфид манзур карданд.
Таъкид гардид, ки мавзуи интихобшуда бо назардошти нақши матбуоти маҳаллӣ дар ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии наслҳо аҳамияти муҳими илмӣ ва иҷтимоӣ дошта, натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд дар рушди пажӯҳишҳои журналистика, фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва раванди таълиму тадрис самаранок истифода шаванд.
Дар анҷоми ҷаласа, бо дарназардошти муҳокимаҳои илмӣ ва арзёбии мусбати иштирокдорон, ба унвонҷӯ тавсия дода шуд, ки пас аз ислоҳи баъзе мулоҳизаҳои пешниҳодшуда рисолаи худро барои ҳимояи расмӣ омода намояд.
