Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад, ки заминаи сулҳу субот, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими давлатдории миллиро фароҳам овардааст. Пас аз солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ, мардуми Тоҷикистон бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ роҳи сулҳ ва оштиро интихоб намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳоро нишон доданд.
Ваҳдати миллӣ на танҳо дар заминаи сиёсат ва ҳукумат, балки дар заминаи фарҳанг, адабиёт, ирфон ва ахлоқи иҷтимоӣ низ густариши амиқ доштааст. Шоирони мутафаккирони гузаштаи мо, ба мисли А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, У. Хайём, Саъдӣ Ш., А. Ҷомӣ ва дигарон, ваҳдатро на танҳо ҳамчун як иттиҳоди зоҳирӣ, балки ҳамчун ваҳдати маънавӣ ва рӯҳонӣ мебинанд. Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ ҳамеша аз ваҳдати миллат, забон, кишвар ва ҳувият дифоъ мекунад. Саъдӣ Шерозӣ дар “Гулистон” ва “Бӯстон” аз ваҳдати инсонӣ ва иҷтимоӣ мегӯяду Абдураҳмони Ҷомӣ бошад аз ваҳдати вуҷудӣ ва ирфонӣ сухан мегӯяд. Дар таълимоти ирфонӣ, ваҳдат зинаи олии худшиносӣ ва расидан ба маърифати илоҳӣ дониста мешавад.
Мутаассифона, миллати тоҷик дар охири асри XX, дар пайи пошхӯрии давлати Шуравӣ ва бенизомии идеологию сиёсӣ ба гирдоби як ҷанги фоҷиабор афтод. Ин ҷанги солҳои 1992–1997, ки бештар характери таҳмилӣ дошт ва решаҳои он берун аз кишвар парварда мешуданд, мардуми тоҷикро ба порчаҳо ҷудо сохт ва кишварро дар остонаи фурӯпошии куллӣ қарор дод. Ин ҷанг, ки натиҷаи омилҳои мураккаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва геополитикӣ буд, боиси талафоти ҷонӣ ва маънавии зиёд гардид – зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд ва тамоми низоми иқтисодию иҷтимоии кишвар фалаҷ гардид.
Бо вуҷуди ин ҳама, миллати тоҷик нишон дод, ки дорои хиради таърихист. Дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз, абармарди ҷассуре аз миёни халқ – Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромад ва бо иродаи қавӣ, хислати сулҳдӯстӣ ва маърифати баланди сиёсӣ иқдоми бузурги таърихӣ пеш гирифт. Бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам!”, ӯ на танҳо ҷони худро дар гарав гузошт, балки тамоми нерӯи сиёсиву дипломатӣ ва маънавии худро равона сохт, то миллатро аз фоҷиаи ниҳоӣ наҷот диҳад.
Аз дидгоҳи илми иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ танҳо тавассути ду омил устувор мемонад: худшиносии таърихӣ ва таҳаммулгароии иҷтимоӣ. Тоҷикистон дар ин замина намунаи нодири ҷаҳонӣ дониста мешавад. Бисёре аз пажӯҳишгарон ва марказҳои таҳқиқотии байналмилалӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро навъҳои омӯзишӣ барои кишварҳои дорои низоъҳои дохилӣ меҳисобанд. Маҳз ҳамин ваҳдат буд, ки кишвари мо тавонист дар зарфи соҳибистиқлол гардидани кишвар аз як давлати осебпазир ба кишвари дорои амният ва истиқлолияти мустаҳкам табдил ёбад.
Дар замони кунунӣ, ки ҷаҳон рӯ ба ҷудоӣ ва ҷангу низоъ дорад, таҷрибаи ваҳдати тоҷикон на танҳо барои худи миллат, балки барои тамоми башарият паёми умед ва намунаи хираду таҳаммул аст.
Дар осори мутафаккирони бузурги адабиёти форсии классик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Нишопурӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон, мафҳуми ваҳдат ҳамчун як арзиши маънавии ҷаҳонӣ ва инсонӣ дар маркази ахлоқу фалсафа қарор дорад.
Бо чунин таърихи пурбарор ва заминаҳои амиқи ваҳдатгароёна, шигифтовар набуд, ки миллати тоҷик дар асри XX – асре, ки пур аз парокандагиҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои геополитикӣ буд – тавонист таҷрибаи нотакрори ваҳдатсозиро амалӣ намояд.
Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар заминаи беқурбшавии идеологияи умуми ташаккул ва фурӯпошии сохторҳои давлатӣ сурат гирифт, боиси пайдоиши бенизомии сиёсӣ ва иҷтимоӣ гашт. Дар ин фазо гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор, бо афкори мутазод ва бидуни низоми ягона, барои соҳиб шудан ба қудрат вориди бархӯрд шуданд. Комёб набудани муколамаи миллӣ, набудани таҳаммулгароии сиёсӣ ва истифодаи вазъият аз ҷониби унсурҳои беруна ба сар задани ҷанги таҳмилӣ мусоидат кард.
Дар ин замина, ваҳдати миллӣ ҳамчун як зарурати таърихӣ зуҳур кард ва ба як шиори сарнавиштсоз табдил ёфт. Таҷрибаи таърихӣ ва таҳлилҳои иҷтимоӣ собит месозанд, ки ҷомеаҳои пас аз ҷанг танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, созиш, бахшиш ва ҳамбастагӣ метавонанд субот ва оромиро барқарор намоянд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ин самт на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои низоъҳои ҷаҳонӣ низ намунаи омӯзишӣ ва илмӣ гардид.
Баррасии таҷрибаҳои таърихии давлатдории тамаддунҳои ориёитабор ва халқҳои тоҷику форсизабон нишон медиҳад, ки ҳар гоҳ ҷомеаҳои онҳо бо таҳдидҳои ҷиддӣ ва сарнавиштсоз рӯ ба рӯ мешуданд, шахсиятҳои дорои иродаи қавӣ, ҷаҳонбинии амиқ ва хиради миллӣ ба саҳнаи таърих меомаданд.
Мисли шоҳ Куруши Кабир, ки тамаддуни форсро дар замони парешонӣ муттаҳид сохт, ё Исмоили Сомонӣ, ки миллати тоҷикро дар асоси забон ва фарҳанги муштарак ба давлатдории мустақил овард, Эмомалӣ Раҳмон низ дар пайравии ҳамин анъанаи таърихӣ, бо шиддати масъулияти таърихӣ ва рисолати миллӣ, роҳе пеш гирифт, ки дар радифи бузургтарин таҷрибаҳои муосири сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷойгоҳ пайдо кард.
Таҳқиқоти зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла пажӯҳишҳои Маркази таҳлилии Стокҳолм (SIPRI), Институти таҳқиқоти сулҳи Осло (PRIO), Институти сулҳшиносии Массачусетс ва муассисаҳои муҳаққиқи Созмони Милали Муттаҳид, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун “намунаи нодири сулҳи дохилии мусолиматомез дар асри XX” арзёбӣ кардаанд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо миёнаравии ҷонибҳои хориҷӣ ва бо иродаи самимии тоҷикон ба амал омад, на танҳо ҷанг ба хотима бахшид, балки оғози як марҳилаи нави таърихии давлатсозӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардид. Ин созишнома на фақат ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади ахлоқӣ ва сиёсие буд, ки бар асоси фалсафаи ваҳдат, эҳтироми тарафайн ва гузашти миллӣ таҳия шуд.
Аммо, таҷрибаҳои сулҳ нишон медиҳанд, ки сулҳ бо имзои санад оғоз меёбад, на анҷом меёбад. Барои таҳкими он тадбирҳои амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур буданд.
Бо сарварии ин роҳбари дорои ҳиммати таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати ваҳдатгароёнаи ӯ, тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд, аз ҷумла:
– барқарорсозии инфрасохтори харобшуда, аз ҷумла роҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои ҳокимият, ки бевосита ба барқарории ҳаёти иҷтимоӣ мусоидат карданд;
– бозгардонии беш аз як миллион гурезаву муҳоҷир, ки яке аз мушкилтарин раванди пасоҷангӣ ба шумор мерафт;
– институтсионализатсияи ваҳдат, ки дар мисоли таъсиси Комиссияи оштии миллӣ, таҳияи қонунгузории муътадил ва ворид кардани неруҳои мухолиф ба ҳаёти сиёсӣ зуҳур кард;
– татбиқи сиёсати таҳаммулгароӣ ва гуногунандешӣ, ки дар асоси принсипҳои озодии виҷдон, фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ ва расонаҳои мустақил пиёда гардид;
– тақвияти қонунмандӣ ва ҳокимияти қонун, ки барои ҷилавгирӣ аз эҳёи ҷанҷолҳои сиёсӣ ва барқарории адолат замина гузошт;
– рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки тавассути барномаҳои сармоягузорӣ, ҷалби кишварҳои дӯст ва таъсиси инфрасохтори навин амалӣ гардид.
Нуқтаи муҳими ин раванди сулҳ он аст, ки дар маркази ҳамаи ин тадбирҳо, мафҳуми Ваҳдат ҳамчун арзиши калидии сиёсӣ ва ахлоқӣ нақши муҳим мебозид. Ваҳдат дар ин марҳила на танҳо иттиҳоди зоҳирии гурӯҳҳои сиёсӣ, балки ваҳдати иродаву дидгоҳҳои миллӣ ва эҳёи ҳувияти маънавии ҷомеаи тоҷик буд. Маҳз тавассути ин ваҳдат, ҷомеаи ҷангзадаи Тоҷикистон ба як ҷомеаи суботманд, амн ва рӯ ба рушд табдил ёфт.
Имрӯз, бо гузашти беш аз 28 сол аз оғози сулҳ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва амн дар минтақа шинохта мешавад. Сохтмонҳои азим, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун, даҳҳо мактаб, садҳо пулу роҳ, бемористонҳо, барномаҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти фарҳангии рӯ ба боло, нишонаи равшани на танҳо сиёсати сулҳгароёна, балки зиндагии бо ваҳдат асосёфта мебошанд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар соли 2025 – ҷашни 28-солагии сулҳи таърихӣ – дар як марҳилаи нави бедории миллию таҳаввулоти ҷаҳонӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн таҷассуми хиради таърихии миллати тоҷик, бурдбории рӯҳонӣ ва хидмати шахсияти таърихиест, ки барои насли оянда ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сабақи бузург боқӣ мегузорад.
Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун Пешвои миллат – имрӯз на танҳо рамзи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон, балки намунаи пешвои сиёсӣ дар низоъҳои муосир дониста мешавад.
Имрӯз вазифаи насли наврас, донишмандон ва ҷомеаи академикӣ он аст, ки мероси ваҳдатро ҳифз намуда, онро дар шаклҳои нави илмию амалӣ таҳия ва густариш диҳанд. Фикру андешаҳои муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ бояд дар таҳқиқоти васеи илмӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва барномаҳои таълимӣ табдил ба модели омӯзишӣ гарданд.
Ҳамин тавр, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва шахсияти Пешвои миллат ҳамчун намунаи “дипломатияи миллӣ ва ваҳдати арзишманд” бояд дар меҳвари таҳқиқоти таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор гирад.
Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, сулҳ ба як раванди фаъол табдил ёфта, барномаи амалии ваҳдат дар шакли тадбирҳои мушаххас татбиқ гардид. Аз ҷумла, инфрасохтори харобшуда барқарор гардид, гурезагон бозгаштанд, Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд, қонунгузории мусолиҳатомез ва демократӣ таҳия шуд, ваҳдат ҳамчун арзиши меҳварӣ пазируфта гардид. Сиёсати таҳаммулгароӣ ва гуногунандешӣ рушд карда, ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО ба саҳнаи қонунӣ роҳ ёфтанд. Ин ҳама иқдомҳо асоси эъмори давлати муосири тоҷиконро гузоштанд.
Дар натиҷа, Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба як давлати амн, суботнок ва дар ҳоли рушд табдил ёфт. Иқдомҳои стратегӣ, аз ҷумла сохтмони Нерӯгоҳи Роғун, даҳҳо мактаб, бемористон, роҳ, нақбҳо ва садҳо иншооти дигар, дар якҷоягӣ бо татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ва илмӣ нишон доданд, ки кишвар ба давраи нави эҳё ворид шудааст.
Миллати тоҷик, ки соҳиби таърихи ғанӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маънавӣ мебошад, дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ собит намудааст, ки бо иродаи матин ва хиради созанда метавонад ҳар гуна мушкилоту озмоишҳоро бо сарбаландӣ паси сар намояд. Чунон ки дар поёни асри ХХ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ даст ёфт, имрӯз низ бо такя ба сулҳу суботи устувор ва пояҳои мустақили давлатдорӣ ба сӯи фардои ободу пешрафта қадам мегузорад.
Имрӯз Тоҷикистон вориди марҳилаи нави рушди стратегӣ гардида, дорои нерӯи воқеӣ барои ҳамсаф шудан бо кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мебошад. Ин ояндаи дурахшон на танҳо ба хотири манобеи табиии фаровон, ҷойгоҳи географӣ ё захираҳои инсонӣ, балки пеш аз ҳама бо иродаи сиёсии устувор, сиёсати оқилонаи дохилӣ ва ҳадафмандии миллӣ асос ёфтааст. Сиёсати давлат дар замони муосир ба рушди илм, маориф, технология ва захираҳои зеҳнии инсон ҳамчун захираи муҳимтарин такя мекунад. Тавре ки Г. Беккер қайд менамояд, сармояи инсонӣ омили асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар ҳамин замина, рушди маориф ва илм ҳамчун воситаи асосии ташаккули иқтидори зеҳнии ҷомеа баромад намуда, барои пешрафти инноватсионӣ ва рақобатпазирии давлат замина фароҳам меорад. Ҳамчунин, мувофиқи мавқеи Созмони Милали Муттаҳид, илм, технология ва инноватсия аз омилҳои калидии таъмини рушди устувор ба шумор мераванд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста аз рушди илму маориф ҳамчун шарти бунёдии пешрафти миллӣ пуштибонӣ мекунад. Мавҷудияти Консепсияи миллии рушди маориф, Барномаи ислоҳоти таҳсилот, Стратегияи рақамикунонии таҳсилот ва Стратегияи миллии рушди захираҳои инсонӣ аз иродаи қавии сиёсатмадорон дар самти омӯзиши зеҳнӣ ва ташаккули миллате хирадманд шаҳодат медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи донишбунёд ният дорад ҳаҷми сармоягузориро ба соҳаҳои илму маориф ба таври назаррас афзоиш диҳад. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди фанҳои дақиқ, робототехника, технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ, блокчейн, зеҳни сунъӣ ва интернети ашё равона гардида, онҳо ҳамчун заминаи муҳими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва пешрафти иҷтимоӣ эътироф мешаванд. Дар ин замина, консепсияҳо ва стратегияҳои инноватсионӣ таҳия гардида, барои амалисозии онҳо ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ густариш меёбад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки давлатҳои пешрафта ба рақамикунонӣ ва технологияи иттилоотӣ такя мекунанд, Тоҷикистон низ метавонад бо риояи равишҳои устувори сиёсӣ ва рушди кадрҳои соҳибихтисос, ба қатори кишварҳои инноватсионӣ ҳамроҳ гардад. Ҳамзамон, истифодаи оқилонаи технологияҳои сабз, рушди иқтисоди сабз, таҳкими истихроҷ ва коркарди манобеи табиӣ, омодасозии насли нави соҳибкасб ва васеъ намудани имкониятҳои иқтисоди рақамӣ низ дар меҳвари барномаҳои рушди миллии оянда қарор доранд.
Ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар он таҷассум ёфтааст, ки бо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истифодаи илм ва захираҳои зеҳнӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ кишвар ба як маркази нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Ин ҳадаф тавассути боло бурдани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва таҳкими нақши илму маориф амалӣ мегардад.
Дар ниҳоят, миллати тоҷик, ки дар гузашта дар бунёди тамаддуни башарӣ саҳми бузург дошт, имрӯз низ бо такя ба фарҳанги бостонӣ, хиради сиёсӣ ва иродаи миллии худ метавонад ба яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Хуллас, ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ дар рушди давлатдории навини Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз дорад. Бо шарофати ба даст омадани сулҳу ризоияти миллӣ, заминаҳои устувори суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ фароҳам гардиданд. Таҷрибаи тоҷикон нишон дод, ки танҳо тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва афзал донистани манфиатҳои миллӣ метавон ихтилофҳоро бартараф намуда, ҷомеаи муттаҳид ва пешрафтаро бунёд кард.
