
Дар доираи ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав китобҳои тозанашри таълифнамудаи худро ба Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин тақдим намуданд.
Ин иқдом ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди китобхона ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари омӯзишу таҳқиқ барои хонандагон ва муҳаққиқон амалӣ гардид. Китобҳои тақдимшуда самтҳои гуногуни илм, маориф, фарҳанг ва ҷомеашиносиро дар бар гирифта, метавонанд барои донишҷӯён, омӯзгорон ва доираи васеи хонандагон манбаи муфиди дониш бошанд.
Роҳбарияти Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин барои ин туҳфаи арзишманди илмӣ ба ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
